logo

иҷтимоиёт

ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ 103-СОЛА

Руҷӯъ
Бобои Одина субҳидам аз хоб хеста ба берун баромад. Дар саҳни ҳавлӣ асояшро зери манаҳ гузошта, ба кӯҳҳо ва манзараҳои деҳаи Элок чашм дӯхт. Ин одати ҳаррӯзаи мӯйсафед аст. Нигоҳашро аз кӯҳҳо ғундошта, ба пеши пояш нигарист. Чашмонаш ҳанӯз бино, гӯшҳояш шунаво, дасту пояш баҷо. Агар соатҳо шинаду қисса гӯяд, ҳозирон хаста намешаванд. Қиссаҳои бешуморе дорад бобои Одина. Қиссаи ду аср, ду умр, ду ҷанг ва ду давру замон…
 
 Муаллими сурх
Солҳои сиюми асри гузашта омӯзгоронро ҳамин хел ном мебурданд. Шояд ҳамин ибора сифати сарбаландӣ ва мақоми волои онвақтаи омӯзгорро ифода мекард. Ҳамон солҳо муаллим пешоҳанг, роҳбаладу гули сари сабад ва «чашми давлат» маҳсуб меёфт.
Бо амри тақдир Одина Зиёев, писари яке аз рӯҳониёни замони подшоҳӣ Эшони Зиёвиддини Валӣ, ки хату саводи хуб дошт, дар аввали солҳои сиюми асри гузашта, аз тарафи Комиссариати маорифи вақт дар ноҳияи Файзобод ба ҳайси муаллим ба кор шурӯъ мекунад. Ӯ ёд дорад, ки аввалин дарсаш дар мактаб - хонаи деҳаи Дорови Файзобод гузашта буд. Ёд дорад, ки баъзе шогирдонаш аз «устод» 20 - 30 сол калон буданд. Муаллим барои онҳо як муъҷизакору ҷаҳонофарине буд. Баъдтар, тақдир Одинаро ба дигар ҷо бурд. Ӯ баъди таҳсили мактаби 7- сола, курси муаллимиро дар шаҳри Ваҳдати ҳозира хатм карда, мувофиқи роҳхат ба ноҳияи Қизил Мазор (Темурмалики ҳозира) ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ фиристода шуд. Дар ин ҷо, ӯ то давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ омӯзгорӣ кард. Бисёр толибилмонро чашми савод кушод. Баъзе шогирдони ин диёр, ки кайҳо мӯйсафедони банур шудаанд, устодашон - Бобои Одинаро ба некӣ ёд мекунанд.
 
Ҷанг ва нанг 
Баҳори соли 1942 омӯзгор Одина Зиёев дар қатори даҳҳо ҷавонмардони Тоҷикистон ба ҷанг рафт. Ба ҷои дафтару қалам яроқ ба даст гирифт. Аз ҳазорон кас 30 нафар ҷавони болаёқатро ба курси шашмоҳаи афсарӣ дар шаҳри Катақӯрғон ба омӯзиш фаро гирифтанд. Аммо ҷанги шадид, ки талафоти зиёд дар пай дошт, нагузошт, ки курсантҳо хатми таҳсил кардаву бо рутбаи афсарӣ ба ҷанг раванд. Дар панҷумин моҳи таҳсил дарсҳо қатъ гардиданду ҳамаро ба ҷанг гуселонданд. Дар майдони набард, бо амри тақдир, Одина алоқачӣ таъйин мегардад. Дар байни муҳорибаҳои шадид ӯ аз шаҳри Ленинград ба ситоди асосӣ дар вақташ хабарҳои заруриро мерасонд. Аз хизмати Зиёев афсарҳо қаноатманд буданду дастгириаш мекарданд.
Аммо ҷанг ҷанг аст. Даҳшату ваҳшат дорад. Одина баҳор ба ҷанг рафту зимистон бо пои маҷрӯҳ ба зодгоҳ баргашт. Вале, рӯҳафтода нашуд. Баъди чанде боз ба кор шурӯъ кард. Ӯ шаш моҳ муаллими фанни тайёрии ҳарбии мактаби зодгоҳаш буду шогирдонашро барои дифои Ватан омода мекард. Вале дили ҳассосу ҷавонаш беқарор буд. Азоби рӯҳӣ мекашид. Мазмун, ҳамяроқон дар дифои Ватан, ҷон дар кафи дастанду ӯ ин ҷо дур аз онҳо.
…Оқибат, соли 1943 боз ба ҷабҳа рафт. Акнун Одина як ҷавони тануманд ва ҷанговари таҷрибадору боиродае буд. Дар фронтҳои Ленинград ва қисми дуюми Беларус ҷангид. Ҳангоме ки ғалабаи Армияи Сурх бар фашизми гитлерӣ эълон гардид, Одина Зиёев бо ҳамнабардонаш дар шаҳри Штадеи Олмон парчами Ғалабаро боло бардоштанд.
  
Баъд аз ҷанг
Одина Зиёев пас аз анҷоми ҷанг дар зодгоҳаш - деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод касби дӯстдоштаи худ - омӯзгориро давом дод. Дар сиришти шогирдон ҳисси инсондӯстиву ватанпарастӣ ва ваҳдатро ҷой мекард. Аз қиссаҳои ҷангиаш нақл карда, ба тарбиятгирандагон мегуфт, ки Ватан чисту ватандори асил кист. Зиёда аз 40 сол ба шогирдон дарс гуфт.
 Бобои Ҳоҷӣ Одина, ки 103 сол дорад, имрӯз даврони пирӣ меронад. Шукронаи давру замонро мегӯяд. Ӯ соҳиби 11 фарзанд, 81 набера ва 15 абера мебошад. Пирамард ба 103 - солагиаш нигоҳ накарда ҳар вақте дар чорабиниҳои мактабӣ даъват гардад, оид ба шуҷоату мардонагӣ сухан мегӯяд. Шогирдонаш устоди худро зуд - зуд хабар мегиранд ва аз мактаби мардонагиаш сабақ меандӯзанд.
 
Убайдулло РАҲИМОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.05.2015    №: 93-94    Мутолиа карданд: 952

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед