logo

мулоқотҳо

ҲАМКОРИИ СУДБАХШИ ТОҶИКИСТОН БО БОНКИ ҶАҲОНӢ

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки 16 май дар Душанбе иттифоқ афтод, масоили ҳамкории гуногунҷанба, бахусус оид ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки «Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба механизмҳо ва ташаббусҳои зиддибуҳронӣ зоҳир гардид». Ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки тадбирҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ таъсири манфии омилҳои берунаро коҳиш хоҳад дод.
Пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ҳузури хабарнигорон натиҷаҳои сафарашон ба кишвари мо, дидору гуфтугӯи судбахш бо Сарвари давлатро матраҳ намуданд. Аз ҷумла, Патрисе Пагано, сухангӯи гурӯҳи директорон, изҳор дошт, ки дар мулоқот ҷараёни сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи босамари лоиҳаҳо, дурнамои ҳамкорӣ, ислоҳот ва таъмини рушди иқтисодӣ баррасӣ шуд.
– Мо аз раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқшаванда дидан намуда, аз натиҷаҳои он хушҳол шудем. Ҳайати мо аз вилояти Хатлон боздид карда, бо кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ вориди гуфтугӯ шуданд. Зимнан, дар доираи татбиқи як лоиҳа нашри китобҳои дарсӣ дар ин минтақа моро хушнуд кард. Директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳое, ки маблағгузорӣ мешаванд, мунтазам сафар карда, бо натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо бевосита шинос мешаванд. Дар ҳамин ҳол, масъалаҳои рушд бо шарикони ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баррасӣ мешаванд, - гуфт Патрисе Пагано.
Тавре зикр гардид, феълан дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки 323 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин тарҳҳо бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётиро фаро мегирад.
Қобили зикр аст, ки тарҳи минтақаии бунёди хатти барқии 500 - киловолтаи CASA – 1000 яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷмест, ки Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар он ҳамкории босамар доранд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2015    №: 103    Мутолиа карданд: 887
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед