logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА: РАҚАМҲО НОБАРОБАРАНД

Санҷишҳои прокурорӣ бо мақсади назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» маълум намуд, ки шуъбаи корҳои дохилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муроҷиати шаҳрвандонро дар китобҳои бақайдгирӣ сабт намекардаанд, ки ин хилофи қонун аст.

Мувофиқи маълумоти шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар вилояти Хатлон дар давоми соли 2014-ум 340 шахси ҳуқуқӣ, 2 филиали намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва 17 ҳазору 603 соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта, 328 шахси ҳуқуқӣ, 1 филиали намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва 5 ҳазору 148 соҳибкори инфиродӣ барҳам дода шудаанд. Аммо мувофиқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз 1 январи соли 2015 дар Хатлон 52 ҳазору 604 хоҷагии деҳқонӣ дар қайди оморанду фаъолият доранд, аз ҷумла дар соли рафта 6 ҳазору 189 хоҷагии деҳқонӣ сабт шудааст. Ва тибқи маълумоти омори кумитаи идораи замини вилоят то 20 марти соли 2015 ҳамагӣ 60 ҳазору 883 хоҷагии деҳқонӣ фаъол буд, ки аз ин 6 ҳазору 880 - тоаш дар соли 2014 ва 579 - тоаш дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ таъсис ёфтаанд. 
Таҳлилу санҷишҳо ошкор намуданд, ки шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба маълумоти шуъбаи бақайдгирӣ дар мақомоти омор 10 ҳазору 553 адад ва дар кумитаи идораи замини вилоят 18 ҳазору 240 адад зиёд аст. Яъне ин хоҷагиҳои деҳқонӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Фархор, Шӯрообод, Муъминобод, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Панҷ, Кӯлоб, Бохтар, Қубодиён, Данғара ва Носири Хусрав фаъолият доранд.
Собит гардид, ки яке аз сабабҳои ҷой доштани фарқият ин раванди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калоне, ки дар заминаашон хоҷагиҳои нави деҳқонӣ таъсис дода шудааст, вале бидуни таъмин бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, маҳсуб меёбад. Сабаби дигар ин аз тарафи масъулони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ба қайд нагирифтани ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва анҷом надодани уҳдадориҳои вазифавияшон мебошад.
Баъдан дар рафти санҷиш муайян гардид, ки муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби масъулони баъзе аз бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ на ҳама вақт риоя мешавад.
Чунончи, роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Ортиқи Ворис» - и ноҳияи Бохтар барои иваз кардани кооперативи истеҳсолӣ ба кооперативи тиҷоратӣ моҳи феврали соли ҷорӣ бо супурдани боҷи давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Бохтар муроҷиат кардааст. Аммо аз тарафи масъулони бахши мазкур то ҳол муроҷиат баррасӣ нагаштааст.
Муроҷиати Диловаршо Акрамов, роҳбари Кооперативи истеҳсолии «Раҷабалӣ Асадулло», ки 16 - уми феврали соли 2015 дар бораи иваз намудани кооперативи истеҳсолӣ ба кооперативи тиҷоратӣ ба бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Бохтар ворид гардидааст, чунин ҳол дорад.
Ҳамзамон, муайян шуд, ки то 10 апрели соли 2015 зиёда аз 40 муроҷиати шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии шаҳри Қӯрғонтеппа ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, вале ягонтои онҳо дар китоби махсус сабт нашудаанд, ба ҷуз он муроҷиатҳое, ки қонеъ гаштаанд.
Ҳамчунин, бо ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон 19 - уми ноябри соли 2012 соҳибкори инфиродӣ Зулфалӣ Сафаров муфлис эътироф гашту дар фаъолияти соҳибкор расмиёти истеҳсолоти озмунӣ кушода шуд. Истеҳсолоти озмунӣ дар навбати худ бо таъйиноти суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 15 январи соли 2013 анҷом ёфта, таъйиноти мазкур барои иҷро ба мақомоти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Бохтар ирсол гардид. Дар асоси ин таъйинот мақомоти давлатӣ оид ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Бохтар уҳдадор шуда буданд, ки дар муҳлати 5 рӯзи корӣ соҳибкори инфиродӣ З. Сафаровро аз қайди давлатӣ бароранд. Аммо масъулони ин мақомот таъйиноти Суди иқтисодии вилояти Хатлонро зиёда аз як сол бе иҷро ва фаъолияти соҳибкорро қатъ накарда, аз феҳристи ягонаи давлатӣ набаровардаанд, ки дар натиҷа номбурда такроран ба суд муроҷиат кардааст.
Санҷиш дар ноҳияи Ҷиликӯл ҳолати нодуруст нишон додани маълумот дар «равзанаи ягона» ва дар натиҷа, нодуруст муайян кардани фаъолияти соҳибкориро ошкор намуд. Чунончи, ба соҳибкор Одилшо Муборов барои фурӯши ғайристатсионарии молҳои омехтаи ниёзи мардум ва маҳсулоти хӯрока патент барои ҳуқуқи амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дода шудааст. Аммо вай ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт машғул шуда, талаботи мавҷударо вайрон кардааст.
Дар ин давра бо тариқи назоратӣ ҳолати риояи қонунгузории андоз дар қисмати андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, дар шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди санҷиш қарор гирифт.
Тибқи талаботи банди 10 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», фаъолияти соҳибкорӣ оид ба хариду фурӯши маводи атриётиву парфимерӣ, компютер ва таҷҳизоти он дар асоси патент манъ мебошад. Вале санҷиши прокурорӣ ҳолатҳои дағалона вайрон намудани ин талаботро ошкор намуд. Чунончи, соҳибкор М. Турдиев дар асоси патент барои ҳуқуқи амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки 25 феврали соли 2014 ба номи модараш С. Халиқова ба қайд гирифта шудааст, ба хариду фурӯши компютер ва таҷҳизоти он машғул будааст, ки гардиши моли мағоза 35315 сомониро ташкил дод.
 Амсоли ин, соҳибкорон А. Исомаддинов, Д. Абдуалимов бо фурӯши либосҳои мардонаи аврупоӣ, Д. Давлатов ба фурӯши таҷҳизоти техникӣ, Х. Одилова, Д. Раҷабов ба фурӯши атриёт машғул гашта, бо ин роҳ андозҳои давлатиро кам пардохтаанд. Вале мутасаддиёни нозироти андози шаҳри Қӯрғонтеппа ба ин ҳолатҳо мусоидат намуда, баҳри дигар кардани навъи фаъолияти ин соҳибкорон чора наандешидаанд.
Дар давоми се моҳи аввали соли 2015 дар асоси фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар бахшҳои бақайдгирии давлатии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтар санҷида шуд.
Дар натиҷаи санҷиши интихобӣ дар ноҳияи Бохтар  ҳолатҳои дар парвандаҳои ҳуқуқии бақайдгирии андозсупорандагон номутобиқатии маблағҳои боҷи давлатӣ дар иқтибос ва расидҳои бонкии дар нозироти андоз мавҷудбуда муайян карда шуд. Аз ҷумла, дар расидҳои бонкии пардохтҳои боҷи давлатӣ хатоӣ ва сохтакориҳои махсус, ба монанди бо дигар ранг такроран навиштани рақамҳо, гузоштани имзои иловагӣ пешбинӣ шуда, дар болои маблағи пардохтӣ, ки бо мошини назорати хазинавӣ сабт шудааст, ошкор шудаанд.
Роҳ додан ба чунин камбудиҳо ба буҷети давлат зарар мерасонад ва ба роҳ ёфтани ҳолатҳои изофанависӣ боис мегардад. Аз ин лиҳоз, прокуратураи вилояти Хатлон баҳри рафъи ноҷӯриҳо, такрор нашудани онҳо ва ба муҷозот кашидани дастандаркорон аз тамоми фишангҳои қонунӣ истифода мебарад.  

Суҳроб МУРОДАЛИЗОДА,
прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки
 прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2,

Зокир ҲАСАН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2015    №: 125    Мутолиа карданд: 850

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед