logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68,     мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2,     мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №№7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №№7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12,  мод. 881;    с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015, №1228; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №1261), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 49:
- дар қисми 2) калимаҳои «ду ҳазору яксаду навад» ба калимаҳои «бисту як ҳазору нуҳсад» иваз карда шаванд;
- ба қисми 10)  пас аз калимаҳои «барои ҳисобҳо» калимаҳои «, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11)  ҳамин модда пешбинишуда,» илова карда шаванд;
- қисмҳои 11)  ва 12)  бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«11)  Дар ҳолати ашаддӣ саркашӣ намудан ва ё имконнопазирии пардохти ҷарима, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319-321 ҳамин Кодекс пешбинигардида таъйин карда шудааст, суд ҷазои ҷаримаро (ё қисми напардохтаи онро) ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз менамояд. Ин масъала аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ ҳал карда мешавад.
12)  Ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисми 11) ҳамин модда пешбинигардида як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.».
2. Моддаи 1421 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1421. Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ
1) Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст,-  
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар нисбат ба шахси ноболиғ содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.».
3. Дар моддаи 319:
- санксияи қисми 1)  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 2)  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 3)  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ то бисту як ҳазору нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.».
4. Дар моддаи 320:
- санксияи қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- санксияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.».
5. Санксияи моддаи 321 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.».
6. Дар ном ва қисми 2) моддаи 345 калимаҳои «таҳқиқи ибтидоӣ» ва «шахсе, ки таҳқиқи ибтидоиро анҷом медиҳад» мувофиқан ба калимаҳои «таҳқиқ» ва «таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
7. Дар банди а) қисми 3) моддаи 346 калимаҳои «шахси анҷомдиҳандаи таҳқиқи ибтидоӣ» ба калимаи «таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 1) моддаи 348 калимаҳои «шахси анҷомдиҳандаи таҳқиқи ибтидоӣ» ба калимаи «таҳқиқбаранда» иваз карда шавад.
9. Дар ном ва матни моддаи 350 калимаҳои «тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ» ба калимаҳои «таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар матни моддаи 351 калимаҳои «таҳқиқи ибтидоӣ» ба калимаи «таҳқиқ» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 352:
- дар қисми 1) калимаҳои «таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишотӣ» ба калимаҳои «таҳқиқ, тафтиши пешакӣ» иваз карда шаванд;
- эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Шахс барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ба муқобили худ ва хешовандони наздикаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.».
12. Дар ном ва матни моддаи 354 калимаҳои «шахси таҳқиқи ибтидоӣ тафтиши пешакӣ гузаронанда ё адолати судиро татбиқкунанда» ва «шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ тафтиши пешакӣ мегузаронад ё адолати судиро татбиқ менамояд» мувофиқан ба калимаҳои «таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд» иваз карда шаванд.
13. Дар ном ва матни моддаи 356 калимаҳои «ё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтишоти», «шахсе, ки таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронад» ва «таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти» мувофиқан ба калимаҳои «, таҳқиқ ё тафтиши», «таҳқиқбаранда» ва «таҳқиқ, тафтиши» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми 2) моддаи 359 калимаҳои «шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда» ба калимаи «таҳқиқбаранда» иваз карда шавад.
15. Дар матни моддаи 360 калимаҳои «ё шахсе, ки тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронад» ба калимаҳои «, муфаттиш ё таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
16. Дар ном ва матни моддаи 361 калимаҳои «таҳсилоти таҳқиқи ибтидоӣ» ва «шахси таҳқиқи ибтидоиро гузаронанда» мувофиқан ба калимаҳои «маълумоти таҳқиқ» ва «таҳқиқбаранда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1274


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 феврали соли 2016, № 354

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 171


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 1299

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед