logo

маориф

«БА СИФАТ НИГАРЕМ Ё МИҚДОР?»

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Ташрифулло Саъдуллоев  «Ба сифат нигарем ё миқдор?»  - ро, ки 8 январи соли 2016 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”№ 5 (22 827) чоп шудааст, мавриди омӯзиш  қарор дод.   
 
Дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ва “Барномаи давлатии таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015”  навсозии  низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ ва дигар ҷанбаҳои омодасозии мутахассисон ба роҳ монда шуд.  Дар  натиҷа ҳамаи табақаҳои аҳолӣ  ба таҳсилоти босифат дастрасӣ пайдо кардаанд.  Таҷдиди  низоми таҳсилоти касбӣ ва тайёр намудани кадрҳо мувофиқи меъёрҳои Таснифгари байналмилалии стандарти таҳсилот аз рӯйи  низоми кредитии таҳсилот модели сезинагии омодасозии кадрҳо (бакалавриат, магистратура ва докторантура) роҳандозӣ гардид. Модели мазкур хеле самаранок буда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИМА ва аксари мамолики Аврупо васеъ истифода мешавад.
Аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кордиҳандагон ҷиҳати ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи дутарафа баста шудааст. Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён бо зиёда аз 110 корхона ва муассисаҳо шартномаи дуҷониба дорад.  Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ марказҳои кордиҳӣ ташкил гардидаанд. Барои ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил мекунанд, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар посух ба эроди муаллифи мақола дар бораи  омодасозии кадрҳои сайёҳӣ бояд гуфт, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар самти омода намудани кадрҳои соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии мамлакат чораҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст.
Ҳоло дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони бахши туризми кишвар омода карда мешаванд. Дар  шуъбаи  саёҳат ва меҳмондории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  клуби сайёҳии «Эделвейс» амал мекунад, ки донишҷӯён дар машғулиятҳои клуби мазкур ширкат варзида, донишҳои назариявии хешро дар амал тадбиқ мекунанд. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз соли 2008 кафедраи туризм ташкил ёфта, аз рӯи ихтисосҳои «Саёҳат ва меҳмондорӣ», «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ», «Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Маркетинг дар сайёҳии байналмилалӣ», «Фаъолияти меҳмонхонавӣ» дар зинаҳои бакалавр ва магистр мутахассисон тайёр карда мешаванд.
 
Самариддин АВҒОНОВ,
сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии
 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ ИДОРА.
Дар  матлаби номбурда сухан дар бораи мавҷуд будан ё набудани стандарти таҳсилот, барномаҳои соҳа ва дигар муқаррарот намеравад. Гап сари бенатиҷа ва рӯйи коғаз мондани ҳамон стандарту барномаҳо меравад, ки хатмкунандагони макотиби олии кишвар бо сабаби сатҳи пасти дониш, хусусан надонистани забони хориҷӣ ва технологияи муосир  хеле кам ба кор ҷалб карда мешаванд.  Агар  дар посухи вазорат  раванди бо кор таъмин шудани мутахассисони ҷавон тайи як соли охир дар муассисаву корхонаҳо, хусусан бонкҳо ва ширкатҳое, ки фаъолияти байналмилалӣ доранд, бо рақамҳои дақиқ зикр меёфт, беҳтар мебуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 608

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед