logo

иҷтимоиёт

ПУШАЙМОНӢ

Побанди зиндагии хеш будан имкон намедод зуд - зуд ба зиёрати волидонам ба русто равам.  Ҳар гоҳе чунин имконият даст медод, бидуни таъхир ба дидори мубораки эшон мешитобидам. Ҳамон лаҳза дӯстону наздикон аз омаданам бохабар гардида, яке паси дигар ба диданам меомаданд.
Аммо дидорбиниҳо бо ин хотима намеёфт. Суҳбатҳои кӯтоҳ хумори шиддати иштиёқи висолро шикаста наметавонист. Ба меҳмонӣ мехонданд дӯстон ва ин нишастҳо гоҳо то нимашабҳо идома меёфт. Модари бузургворам гила мекард: “бачам, ба номаш ба аёдати ман омадаӣ... аз дидорат сер нашудам...”. Шабе  чун аз хонаи як дӯстам ба хона баргаштам, як поси шаб гузашта буд. Дари дарвозаи хонаамонро боэҳтиёти тамом кушодам, ки мабодо садо барораду модарам бедор шавад ва оҳиста - оҳиста бо нӯги по қадам гузошта, аз таги тирезаи ҳуҷраи ӯ гузаштанӣ будам, ки садои задани ангушт ба шишаи тиреза ба гӯшам расид.  Хоҳарамро дидам паси шишаи тирезаи ҳуҷраи модарам. Маро диду бо нишони таассуф сар ҷунбонд.  Мазмун: чаро дер кардӣ, модарам хавотир шуд? Ман ангушт ба лаб ниҳодам. Гуфтан хостам, ки хомӯш бош, модарам бедор мешавад. Аммо саробро об пиндошта будам. Модарам то кунун хоб набуда. Ба ҳуҷраи хоби худ рафтам шитобон ва зуд либосҳоямро кашидаму чароғро хомӯш карда, даруни ҷойгаҳ даромадаму кӯрпаро ба сарам кашидам. Лаҳзае нагузашта, буд, ки садои тақ - тақ ба рӯйи фарши тахтагии долони хона кӯбидани асои модарам баланд гардид. Шунидани садои во шудани дари дарвоза оромаш накарда буд. Мехост муътақид шавад, ки воқеан ҳам писараш омада. Худро ба хоб андохтам. Омаду назди бистарам сари по нишаст. Даст ба китфам ниҳод. Гӯшаи кӯрпаро  як сӯ кард. Палмосида, даст ба сару рӯям бурду навозишам кард ва сипас қабати кӯрпачаҳои ҷойгаҳро як - як шумурд. Чун эътимод ҳосил кард, ки омадаам ва бистари хобам бароҳат аст, хотираш ҷамъ шуду рафт ба ҳуҷраи хобаш. 
Он лаҳза бо дидани ин ҳол ин суол дар хонаи зеҳнам рӯшан шуд, ки модоме модарам дар чиҳилсолагиам ин қадар бароям хавотир аст ва ҳоло ҳам дар интизори омаданам хоби ширинашро ҳаром мекунад, дар тифлию наврасиам чӣ ҳол дошт? Посух наёфтам ба ин суол. Пушаймон шудам аз дер омаданам. Хобам парид. Хестаму ба ҳуҷраи хоби модарам гузаштам. Ҳанӯз хоб набуд.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 135

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед