logo

иқтисод

«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ». ҲАНӮЗ ҲАМ МУШКИЛИҲО ҲАСТАНД

Ҷиҳати ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили ғаллаи имсола  ба воситаи КВДҶ  «Тоҷикагролизинг» аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ 25 комбайни тамғаи «Нива - Эффект» - и истеҳсоли Федератсияи Русия ва «Палессе 812» - и бисёрсоҳавии  истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус харидорӣ шуд. Дар маҷмӯъ давоми 5 соли охир аз тарафи корхонаҳои воридсозандаи техника ва мошинолот ба ҷумҳурӣ зиёда аз 8558 техникаю мошинолоти кишоварзии муосир ворид карда, дастраси кишоварзон гардонда шудааст.
- Бо вуҷуди ин, деҳқонон ҷиҳати ба сомон расондани кори ҳаррӯза  ба мушкилот мувоҷеҳанд, - мегӯяд Абдумамад Шомаҳмадов, сардори шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори Вазорати кишоварзӣ.  - Ҳолати имрӯзаи техникаҳои кишоварзӣ чандон ба талаботи рӯз мувофиқ нест. Айни  ҳол муҳлати хизмат ва истифодабарии  зиёда аз нисфи онҳо  гузаштааст. Вале хоҷагидорон бинобар сабаби ҳолати бади молиявӣ техникаҳои куҳнаро  нигоҳ дошта истодаанд. Бо мақсади дастгирии деҳқонон ва рушди соҳа то имрӯз дар 76 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ ташкил  шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад зиёд аст. Марказҳои мазкур бо техника ва мошинолоти нисбатан нав  муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
КВДҶ «Тоҷикагролизинг»  аз соли 2008  аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва фаъолияти хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои грантӣ ва Фонди шарикии Ҷопон ба маблағи 180,6 миллион сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзиро ба ҷумҳурӣ ворид намуда,  1340 хоҷагии кишоварзиро тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо 1259 трактору комбайн ва 1147 мошинолоти кишоварзӣ ба маблағи 143,4 миллион сомонӣ таъмин намудааст.
Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ ба истифодаи пурмаҳсули техника вобаста аст. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани истеҳсолот ин дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар самти механиконии кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус, механиконии соҳа, моҳи майи соли 2014 ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати таъсис додани корхонаи муштараки ҷамъу васли таҷҳизоти кишоварзӣ бо ҷалби ҶСК «Бобруйскагромаш» ва ҶСШК «Агротехсервис» - и  шаҳри Ҳисор шартнома ба имзо расида буд. Дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур истеҳсоли мошинолоти гуногуни кишоварзии ба хусусияти иқлим ва агросаноатии кишвар хос, аз ҷумла ядакҳо, испорҳо, сихмола, алафдарав, тойбанду тагрезчин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси технологияҳои пешрафта ба роҳ монда мешавад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 444

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед