logo

туризм

ТУРИЗМИ ФАРҲАНГӢ - ТАЪРИХӢ: МУШКИЛОТ ВА НИЁЗҲО

Ҷои пинҳон нест, ки иқтидорҳои туристии Тоҷикистон бузурганд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки метавонад дар рушду равнақи иқтисоди миллӣ нақши калидӣ бозад, туризми фарҳангӣ - таърихӣ мебошад.
Ҳоло дар қаламрави кишвар бештар аз 2000 ёдгорӣ мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо таърихи беш аз 5000-сола доранд. Мероси пурғановати  фарҳангиву таърихии мамлакат, аз қабили қалъаҳои Ямуч (асрҳои II то милод VII милодӣ), Ҳисор (асрҳои V то милод X милодӣ), шаҳракҳои Панҷакенти Қадим (асри V-VII), Тахти Сангин (асрҳои IV то милод III милодӣ), Ҳулбук (асрҳои IX-XI), дайри буддои Аҷинатеппа (асри VIII) ва оромгоҳҳои шахсони шинохта, ҳамчунин, иншооту биноҳое, ки дар замони шӯравӣ ва соҳибистиқолӣ бунёд шудаанд, дер боз таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурд.
Коршиносони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои туристии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз проблемаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.
Муродалӣ Ашӯралиев, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, набудани маълумотҳои пурраи илмиву оммавиро ба забонҳои англисӣ, хитоӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм медонад. Ба гуфтаи ӯ, аксарияти ширкатҳои туристии мамлакат маводҳои рекламавии худро танҳо ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон сайёҳони зиёда аз 80 мамлакати олам аз ҷумҳурӣ дидан мекунанд.
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд.  Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи ВАО дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро аз рӯи мушоҳидаҳо қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Ба ҷуз ин, мутахассисон дар наздикии минтақаҳои туристӣ бунёди деҳаҳои хурди намоишии қадимӣ  ва бозорҳои бостонии шарқиёнаро  зарур меҳисобанд. Ҳамчунин, ба ақидаи коршиносон, барои ҷалби сайёҳон дар қалъаҳои Ҳисор, Ямуч ва амсоли инҳо гузоштани  намоишҳои театрӣ, ки бозгӯи таърихи онҳо бошанд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Комрон САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 118
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед