logo

фарҳанг

КИТОБХОНА. БОЗ ЧӢ КОРҲО МЕТАВОН КАРД?

Муҳимтарин ниҳоде, ки вазифадор аст ниёзҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии ҳама қишрҳои ҷомеаро қонеъ кунад, китобхона аст. Нақши китобхонаҳоро ҳамчун ниҳоди калидии фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа наметавон нодида гирифт. Дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ ин ниҳоди муҳими илмию фарҳангию иттилоотӣ бояд бо технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз бошад, то тавонад вазифаи иттилоърасонӣ ва паҳну дастрас намудани навгониҳои илмию техникии ҷаҳони муосирро бо беҳтарин ва босуръаттарин шева анҷом диҳад.

Дар чунин шароит корманди китобхона барои дуруст иҷро намудани вазифаҳояш бояд тавонмандии бештару беҳтар нисбат ба системаи анъанавӣ ва маъмулию содаи пешин дошта бошад. Роҳи ягонаи китобдорон дар чунин фазо мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосири технологӣ аст. Дар зеҳни ҷавонон тариқи интернет сурат гирифтани пайравии кӯр - кӯронаву ноогоҳонаро пешгирӣ намуда, нагузорем, ки падидаҳои зоҳирии суннатҳои бегона ба анъанаҳои миллии мо халал ворид намоянд. Чопи аксҳои даҳшатангезу ғайриахлоқӣ, навиштаҳои ғайриилмии тавҳиномез нисбат ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ, маводи мухталифи муғризонаи хушунатангез ба хотири тафриқаандозӣ дар ҷомеа аз тарафи неруҳои манфиатталаб сабаби осебҳои равонию иҷтимоии ҷомеа мегардад. Ин навъи иттилоотро наметавон як зуҳуроти зоҳирӣ пиндошт. Дар зери ин «ниқоб» вирусҳое нуҳуфтаанд, ки бар андешаи мардум таъсири амиқе мегузоранд. Гаравидани ҷавонон ба давлати ба ном исломӣ ва дигар гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ маъмулан аз тариқи интернет сурат мегирад. Таҳаввули эҷодшуда тавассути технологияҳои иттилоърасонии муосир таъсири шигарфе ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гузоштааст. Вазифаи китобхонаҳо дар чунин вазъият аз он иборат аст, ки ҳар чи бештар қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба ниҳодҳои хеш ҷалб намуда, аз тариқи роҳнамоиҳои ҳирфаӣ завқу хоҳишҳои онҳоро ҷиҳати истифода аз саҳифаҳои созанда ва омӯзандаи интернет бедор намоянд. Чунин тарзи ҳадафноки истифода аз интернет боис мешавад, ки сатҳи гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро дар миёни миллатҳои мухталиф боло бурда, имкони шинохти беҳтару бештари ҷомеаи башариро неру бахшем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки китобхона бояд нақши муассиртареро дар ҷомеа иҷро намояд. Бояд дар таъмини ҳамешагии молию зеҳнии китобхонаҳо ва ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ будани системаи таълим дар факултаҳои китобдории донишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Мақомоти ваколатдори соҳа дар таҳким бахшидан ба курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии китобдорон, ки дар Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунад, ҷудо намудани квотаҳои махсус барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дар риштаҳои мухталифи китобдорӣ, дастгирии молии китобхонаҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, ноҳиявию ҷамоатҳои деҳот бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Дар барномарезиҳо китобхонаҳо бояд ҷойгоҳи муносибе дошта бошанд, то битавонанд дар таҳким бахшидани пояҳои мустақили Тоҷикистон ва густариши ҳар чи бештари идеологияи миллӣ гомҳои муассиртаре бардоранд.
Шодимаҳмад СӮФИЕВ,
директори китобхонаи маркази илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 176

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед