logo

сиёсат

МУКОЛАМАИ КИШВАРҲОИ РУШДЁБАНДА ВА ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ БРИКС

5 сентябр дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  муколамаи  кишварҳои  рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори он Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ карда, баргузории ин ҳамоишро имконияти мусоиди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.
Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ҳар лаҳза ба зуҳуроти номатлуби нав рӯ ба рӯ мегардад, баргузории чунин муколамаҳои сатҳи баланд аҳамияти бузургу муҳим доранд.
Дар суханронии Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурияти татбиқи дастҷамъонаи Барномаи нави дастрасӣ ба рушди устувор, ки аз ҷониби СММ дар соли 2015 тасдиқ гардидааст, таъкид шуда, иқдомҳои муштараки давлатҳои ҷаҳон дар роҳи амалӣ шудани ин барнома ба нафъи насли оянда арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки давлатҳои рушдкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон барои азхуднамоии ин барномаи нав дар шароити арзанда талош намуда, Ҳукумати мамлакат барои ҳалли саривақтии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои бетаъхир меандешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокчиёни чорабинии сатҳи баланд даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи афзоиш додани кумакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дастрасӣ ба энергияи боэътимод тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика ва афзун намудани истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда ё худ «энергияи сабз»  аҳамияти зарурӣ диҳанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишасти БРИКС-ро ба мушкилоти дигари байналмилалӣ - тағйирёбии иқлим, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои ногувор доранд, ҷалб намуданд ва таъкид бар он доштанд, ки, агар шарикии давлатҳо дар пешгирии ин ҳолати ногувор тақвият бахшида шавад, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди дастрасӣ ба рушди устувор имконпазир мегардад.
Яке аз роҳҳои дигари дастрасӣ ба рушди устувор тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва фаъолияти боэътимоди сохтори амалкунандаи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ шуда, ҳамкорӣ дар доираи Рӯзномаи 2030, сохторҳои «Як камарбанд, як роҳ» ва «Ҷануб - Ҷануб» ҳамчун воситаи муҳими тақвиятбахши ҳамгироӣ дар самти пешрафти ҷараёнҳои глобалӣ ва идораи иқтисодӣ маънидод гардид.
Дар охири суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкорию ҳамбастагии кишвари мо бо тамоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра таъкид намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 450

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед