logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ 16 - УМИ КОНФРОНСИ ВАЗИРОНИ БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз дар толори бошукӯҳи Зарандуди Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 16 - уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҷаласаи 16 - уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ роҳбарони ташкилоту созмонҳои шарики рушд, институтҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки исломии рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки авруосиёии рушд, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони ҷаҳонии савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ҶАЙКА), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония ва Британияи Кабир иштирок карданд.
Зимни суханронии муқаддимавии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавозу биҳиштосои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Сарвари давлат ба коршиносон фаъолияти пурсамар орзу намуда, ба роҳбарони ҳамаи давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки барои татбиқи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ саҳм мегузоранд, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо кардани ин ҳамоиш ва ҳамгироию ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Такехико Накао такъид дошт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд аз соли 1998 оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи хуби шарикии стратегӣ қарор дорад ва бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва дигар самтҳои ояндадорро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, зимни суханронӣ Такехико Накао бо итминон иброз дошт, ки таҳкими робитаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонки мазкур дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, ҷаласаи 16 - уми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ боз як майдони фарохи таҳкими ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳои минтақа мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2017    №: 222    Мутолиа карданд: 996
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед