logo

фарҳанг

САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР

Маълум аст, ки дар даврони пешин то зуҳури  ислом мардуми порс  гоҳшуморӣ ва тақвими худро доштанд. Тақвими моҳу рӯзҳои онҳо тариқе, ки он низомро Абурайҳони Берунӣ дар “Осор - ул - боқия”- и худ овардааст, роҳандозӣ мегаштааст.  Бино ба нишондодҳои Берунӣ, соли порсҳо аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат буда, ҳар рӯзи моҳ  номи хосе  дошт ва  номи рӯзи даҳуми моҳҳоро обонрӯз мегуфтаанд.

Роҷеъ  аз даврони Ҳушанг мерос омадани ин иди аҷдодӣ, тамоми шаб оташ афрӯхта, атрофи он шодию сурур ва давраҳои пасин низ қадр намудани онро Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” чунин ба қалам додааст:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,                                                                 
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр,

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Дар устураву дабираҳои ҳифзмонда нигоштаанд, ки Ҳушанг муддати зиёде зимоми ҳукмро дар даст дошта ва дар ин даврон инсон ба тамом тағйири ақл кардаст. Инсон маҳз дар замони ӯ, инчунин, ром намудани ҳайвонот, шуғлҳои кишоварзӣ ва бофандагиро низ омӯхт.  Ҳама гуна ҳунарҳои қадимаи ба оташ рабт дошта: оҳангарӣ, кулолгарӣ ва пухтани ғизоро низ ба замони Ҳушанг тавъам медонанд. Ва дар ин давра инсон гӯё аз ҳаёти чун ҳайвонот танҳо аз маводҳои табиии тайёр истифода бурдан озод гашта, тавассути ақли худ ба бунёдкориву созандагӣ ва истеҳсол пардохт.  Дар ҳақиқат, ин иди таърихи қадимадошта шояд нахустин иди порсиён ҳам бошад, ки ин байти Унсурӣ таъкид ба он дорад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Атрофи “Сада” ном гирифтани ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ чанд фикру пиндорҳое мавҷуданд, ки бе  далели эътимодбахш баён ёфтаанд. Бархе  номи ин идро баргирифта аз рақами “сад” медонанд  ва нишон медиҳанд, ки гӯё то Ҷашни бузурги Наврӯз 50 шабу 50 рӯз мондааст, ки ҷамъ 100 рӯз мешавад. Бархе аз пажӯҳишгарон нишон медиҳанд, ки номи Сада дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» вомехӯрад ва маънои онҳоро  “баромадан ва тулӯъ кардан” тавзеҳ додаанд.
Аз рӯйи диди илми вожашиносӣ, такя бар  вожаҳои забонҳои қадим, ки  ҳиҷоӣ буданд,  калимаи “сада” аз ду бахш, “са” ва “да” таркиб ёфтааст. Бахши “са”  дар калимаҳои зиёди аз қадим ҳифзмондаи забонҳои гуногуни оилаи ҳиндуаврупоӣ,  ба маъноҳои “инсон”, «мард», “шахс” ва “тан”  омада. Масалан,  дар калимаи “наваса”, ки дар гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ “набера”- ро мегӯянд, ҷузъи “са”  маънои “инсон” ва “наваса” маънои “инсони нав” ва ё “навтавлидшуда”- ро дорад. Вожаи суғдии “сағона”, ки  хоначаи болои қабрро мегӯянд,  бо маънои  “хонаи тан”, яъне  хонаи абадии тани инсон меояд. Ва ё  вожаи “нисо”, ки пасванди номҳои занонаи тоҷикӣ мебошад, шояд дар ибтидо шакли “ниса (неса)”-ро дошта бошад, зеро он маънои “зан”, яъне  ғайри мардро дорад. Пешванди ”не” ва гунаҳои он “ни, на” дар калимаҳои қадимаи форсӣ форманти инкорӣ мебошанд. Дар баъзе забонҳои ғарб занони барӯмандро «баранеса» мегуфтанд. Бахши “неса”- и ин калима ва пасванди “ница” дар баъзе калимаҳои забони русӣ ба вожаи “нисо” ҳамзод аст. Бархе  муҳаққиқон арза доштаанд, ки забонҳои аҳди қадим бо ҳам хеле шабеҳ ҳастанд ва  зодаи як забони муштарак  мебошанд. Шабеҳияти забони лотинӣ бо забони форси бостонро пажӯҳишгарони забонҳои қадим низ таъкид кардаанд. Масалан, инсонро дар забони лотинӣ “Homo sapiens” бо маънои луғавии “инсони боақл” тавзеҳ дода,   дар он бахши “Homo”- ро “инсон” арзёбӣ намудаанд. Ҳол он ки бахши  “Homo” дар ибтидо маънои боақлро дошт. Вожаи “Homo” бо маънои “ақл” дар забонҳои славянӣ ҳоло шакли “ум”- ро гирифта, зеро дар хазинаи овозии забони онҳо овои “ҳ” мавҷуд нест.  Вожаи “Homo” дар забони авастоӣ, дар сохтори вожаи “ҳумата” низ дучор мешавад, ки донандагони забонҳои қадим онро бо маънои “пиндори нек”, яъне фикри боақлона  донистаанд. Дар ибораи “Homo sapiens”, бахши “sapiens” аз “sa”- инсон ва  “pien” – паҳншуда  таркиб ёфта, маънои луғавии “Homo sapiens” “инсони боақли паҳншуда” мебошад, яъне  дар он танҳо бахши “sa” ифодагари инсон аст.
Бахши “да”- и калимаи “сада”, ки дар калимаҳои меросии қадима бо гунаҳои “до, за, зо” омада метавонад, маънои “офариниш, тавлид, бунёд намудан”ва монандҳои инро дорад. Дар китоби “Фарҳанги вожаҳои авастоӣ”, ки дар он тамоми калима ва аффиксҳои дар забони авастоӣ буда баррасӣ ёфтааст, низ вожаи “до, да ” ба маънои додан ва офариниш тавзеҳ гаштааст.
Овардаҳои фосилаи хилқати нахустинсон Каюмарс дар “Бундаҳишн”, ки ба ҳангоми ҷашни Сада мувофиқ меояд ва таҳлили мантиқии сохтори вожаи “сада” нишон медиҳад, ки иди Сада ҷашнвораи пос доштани рӯзи хилқати инсон мебошад. Чун, парастандагони Зардушт аз байни чор унсури табиӣ: оташ, хок, об ва ҳаво, танҳо оташро асос ва мояи  пайдоиши модиёт ва ҳаёт, аз ҷумла ҳаёти инсонӣ медонистанд, шояд аз ин рӯ, иди Садаро рӯзи тавлиди оташ  низ пиндоштанд, зеро дар ин оин оташ  ҳақиқати ҳаёти азалии инсон низ дониста мешавад.
Обиддин ТУХТАСУНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба  номи   академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 819
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед