logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАСВИБИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ РОБИТАҲОИ ДӮСТОНАРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

Тасвиби созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ  ва  дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод», ки 25 апрел дар порлумони мамлакат сурат гирифт, ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор такони нав мебахшанд.
Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ иброз дошт, ки то ҳол фаъолияти намояндагони сарҳадии ду давлат тибқи нақшаҳои ҳарсолаи аз ҷониби фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзорасида амалӣ мегардид. Ин ҳуҷҷат бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии фаъолияти намояндагони сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон равона гардида, тартиби фаъолият ва ҳалли баҳсҳои марзиро ба танзим медарорад. Ҳоло минтақаҳои фаъолият, аз ҷумла дар самти Тоҷикистон 7 адад ва дар самти Ӯзбекистон 11 адад гардидааст.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» - ро Раҳмонзода Султон, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ кард. Тибқи арзёбии ӯ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷонибҳо аз ҳадафҳои созишномаи мазкур аст. Бар асоси ин ҳуҷҷат, ҷониби Ӯзбекистон дар мувофиқа бо ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани сарбанди «Фарҳод» чораҳо меандешад ва ҳамаи хароҷотро вобаста ба таъмини фаъолияти он пардохт менамояд. Зимнан, таъминоти тартиботи ҳуқуқӣ, бехатарӣ, реҷаи махсус ва ҳифзи иншоот аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Изҳори бовар карда шуд, ки созишномаи мавриди назар  барои рушди ҳамкории тарафҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстона мусоидат менамояд.
Созишнома ба муҳлати 49 сол баста шуда, тарафҳоро дар таъмир, нигоҳдорӣ ва амнияти он муваззаф  месозад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2018    №: 84    Мутолиа карданд: 951
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед