logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ҶАЛАСАИ ДУЮМИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РОҲБАРИКУНАНДА

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ҷамъбаст гардид. 

Ҷаласа ду рӯз идома ёфта, дар он масоили омодагӣ барои дар сатҳи олӣ гузарондани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Султон Раҳимзода, фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об, иброз дошт, ки конфронс дар доираи қабули қатънома дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон амалӣ гардида, аз қисматҳои гуногун иборат мебошад. Барои дар сатҳи зарурӣ омодагӣ гирифтан ба ин чорабинӣ Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳа кумитаи миллии ташкилӣ таъсис дод. Яке аз ҳадафҳои асосии ин кумита низ ҷалби ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар раванди омодасозӣ ва баҳисобгирии манфиатҳои онҳо ҳангоми қабули қарорҳо, ҳамчунин, ҳамкорӣ барои баргузории чорабиниҳои дигаре, ки дар доираи даҳсола  баргузор мешаванд, ба ҳисоб меравад. Вазифаи дигари кумита таҳияи барномаи конфронс ва ҳуҷҷатҳо оид ба натиҷаҳои он мебошад.  Аз ин лиҳоз, аъзои Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда барпо кардани конфронсро аз рӯйи мавзӯъҳои гуногун муҳим арзёбӣ намуданд. Конфронс, мувофиқи барнома, паҳлуҳои мухталифи соҳаи об, аз ҷумла риояи ҳолати санитарии оби нӯшоӣ, оқилона истифода бурдани он ва амсоли инҳоро   фаро мегирад. Таъкид шуд, ки мардуми беоби баъзе минтақаҳо аз оби ифлос ва вазъи ғайрисанитарӣ ба бемориҳо гирифторанд, оби олудаи маводи гуногун боиси зуҳур кардани касалиҳои сироятӣ шудааст. Дар баробари  ин, афзоиши аҳолӣ, кӯчиши онҳо ба шаҳр, хушкидани кӯлу дарёҳо, биёбоншавии ҷангалу бешазорон, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, аз қабили масъалаҳоеанд, ки мӯҷиби ба миён омадани мушкилоти ҷаҳонии экосистема, хусусан дар соҳаи истифодаи об, гардидаанд ва дар конфронси қарибулвуқӯъ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, иброз намуд, ки бо назардошти дарки муҳимияти масъалаҳои ҳалталаб иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшоӣ бамаротиб беҳтар мегардад. Дар  раванди амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар Тоҷикистон ва ҷаҳон муваффақиятҳои назаррас ба даст хоҳанд омад.
Гуфта шуд, ки се ҷаласаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда ба нақша гирифта шудааст: ҷаласаи якум моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бразилия дар доираи Форуми 8 – уми ҷаҳонии об доир гардида, ҷаласаи  сеюм низ 18 июни ҳамин сол дар шаҳри Душанбе гузаронда мешавад. Ба гуфтаи ташкилкунандагони конфронс, ҳамаи ин ҷаласаҳо имконияти баррасии масъалаҳои банақшагирифтаро фароҳам оварда, барои муайян намудани корҳои минбаъда оид ба баргузории конфронс мусоидат менамоянд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2018    №: 97    Мутолиа карданд: 442

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед