logo

иқтисод

ПОЙГОҲИ ВОҚЕӢ БАРОИ ҲАМКОРИИ СУДМАНДИ КИШВАРҲО

Ба эътирофи коршиносони ҷаҳонӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо иқдоми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, барои ҳамкории судманди кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати коҳиш додани мушкилоти норасоии об ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.    

Дар зарфи даҳсолаҳои охир дар нуқтаҳои гуногуни олам инсоният ба проблемаҳои зиёди глобалӣ - тағйирёбии иқлими сайёра  ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, ярчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, камобӣ, хуруҷи  бемориҳои  сирояткунанда   ва  ғайра  дучор омад. Тавассути роҳандозии даҳсолаи нав коҳиш додани шиддати ин мушкилот имконпазир мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифтааст. Ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта, тадбирҳои мушаххас пешниҳод намоянд. Вобаста ба ин, дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷаласаҳои коршиносону олимон  гузаронда  шуданд. Аз ҷумла, барои ҳифзи захираҳои обии ҷумҳурӣ, хусусан пиряхҳо, ки дар даҳсолаҳои охир раванди обшавии онҳо зиёд ба назар мерасад, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар кишвар Маркази пиряхшиносӣ таъсис ёфт. Олимону мутахассисони марказ тасмим гирифтаанд, ки баробари пешбурди тадқиқот мониторинги захираҳои обиро гузаронда, инчунин, харитаи    пиряхҳои  Тоҷикистонро  омода  намоянд.  Бо мақсади омодасозии мутахассисон дар ин самт дар донишгоҳу донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шудааст.
Ҳарчанд дар доираи як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015», мушкилиҳои зиёд бартараф гардиданд, ҳоло ҳам масъалаҳои мухталифи вобаста ба об роҳи ҳалли худро наёфтаанд. Махсусан, аз имконоти «неруи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда намешавад. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо, бавижа дар самти ҳифзи муҳити зист, якдигарфаҳмӣ ба назар намерасад, ки ин бар зарари аҳли башар мебошад. 
Татбиқи даҳсолаи нав барои рушди устувори кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, аҳамияти бузург дорад. Масалан, давоми даҳ соли оянда Неругоҳи барқи обии Роғун пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи  CASA - 1000 роҳандозӣ шуда, дар доираи он  дар минтақа бозори минтақавии фурӯши барқ таъсис хоҳад ёфт. Амалишавии ин ҳадафҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳдошти муҳити зист дар миқёси кишварҳои минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Нақшаҳои кишвар дар ин бора дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр ёфтаанд. Мутобиқи ин тарҳи бузурги миллӣ, тӯли даҳсолаи байналмилалӣ истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба меафзояд. Табиист, ки мутаносибан содироти барқ низ зиёд  гардида, ҷуғрофияи кишварҳое, ки аз барқи арзону тозаи Тоҷикистон истифода мебаранд, тавсеа пайдо мекунад. Моҳи  марти соли равон дар созишномаю қарордодҳои байниҳукуматӣ, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонданд, истифодаи самараноки захираҳои обию барқии минтақа таъкид гардид. Дар ин соҳа ду кишвари дӯсту бародар ҳамкориҳои мутақобилан судмандро  густариш хоҳанд дод.
Ба кор бурдани илму техникаи пешрафтаи муосир дар ҷодаи истифодаи оқилонаи манбаъҳои обӣ аз ҷузъиёти муҳими ҳамкории кишварҳо барои ҳалли масъалаи тақсимоти об арзёбӣ мегардад.
Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 1,2 миллиард одам  аз истифодаи оби нӯшоӣ танқисӣ мекашад ва дар пайи афзоиши аҳолӣ, гармшавии глобалӣ ва омилҳои дигар мушкилӣ шиддат гирифта, андешидани тадбирҳои муассирро тақозо менамояд.
Дар доираи роҳандозии пешниҳоди наҷиби  Пешвои миллат вобаста ба ҳалли масоили обӣ дар ҷаҳон ва умуман, бо назардошти муҳимияти масъала моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем. Ин амал баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ дода, барои боз ҳам мавқеи бонуфуз пайдо намудани мамлакат дар  ҷомеаи муосир мусоидат менамояд. 
Манучеҳр  РАСУЛОВ,
коршиноси Маркази  тадқиқоти
стратегии  назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 142

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед