logo

ҳуқуқ

АЗ СУЛҲИ ҲАСАНӢ ТО ҶАНГҲОИ ҲУСАЙНӢ

Бо гувоҳи таърих рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд, солҳои аввали истиқлолият чун раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омаданд ва ба зудӣ сарпарастони хориҷии худро пайдо карданд. Чун ҳадафи аслии онҳо расидан ба қудрати сиёсӣ буд, зери ниқоби ислом ба “хидмат” омода будани худро бо ниҳоду неруҳои беруна эълон карда, бо ин рафтори худ ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик латмаи ҷонкоҳ ворид намуданд. Ин раванд ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина омода карда, фаъолияти ҳизби пинҳонӣ дар даврони шӯравӣ таъсисёфтаро бо номи ҲНИ сахт ба таҳрик даровард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи аксар ҷавонони гумроҳ ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. 
Дар муборизаи ошкорои ҲНИ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ таъсиргузории назариявӣ - идеологии низоми давлатдории эронӣ ба сабаби ҳамзабон будан ва изи манҳуси фаъолиятҳои амалӣ - ҷиҳодии афғонӣ ба хотири ҳаммарз будан бармало эҳсос мешуд. Наҳзатиҳо аслан зимоми идоракунии ИНОТ-ро комилан ғасб намуданд, аз тариқи таблиғот дар байни мардум мағзшӯии мафкуравӣ анҷом дода, муборизаи худро аз майдоншинӣ ва даъвати мардум аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар шурӯъ карданд. Рафти мубориза нишон медод, ки онҳо дар асоси барнома ва нақшаву қолабҳои сиёсии қаблан тарҳрезишуда амал мекунанд. Тарафдорони онҳо асосан оммаи мардуми бесавод буданд, ки ба ивази дастмузди ночиз ва ваъдаву таҳдидҳо онҳоро ба майдонҳои муборизаи сиёсӣ ҷалб мекарданд. Тибқи мушоҳидаҳои собитшуда, баъзе даъватҳо ва шиорҳои замони инқилоби эронӣ дар майдонҳои исломгароёни тоҷик низ садо медоданд, ки аз таъсири неруҳои берунаи манфиатҷӯ ва ҳавохоҳони нооромии Тоҷикистон дарак медоданд.
Вале гуноҳи бузурги нобахшидании наҳзатиён мардумро фиреб дода, ба ҳудуди Афғонистон гурезаву муҳоҷир кардан буд, ки боиси коҳиши обруву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ҳамин рафтори ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо то имрӯз ҳамчунон норавшан боқӣ мондааст, “ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо”. Дар он даврони пурталотум тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рӯзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё ҳамчун ҳарими фарҳангсолорӣ барои Мовароуннаҳр (Трансоксиана) танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гузашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рӯзгор ва, умуман, зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст ва аслан орзуи ношуданист. Палид будани чунин рафторро Саъдии бузургвор тақрибан 800 сол пеш баён кардааст, ки хондани як қитъаи машҳураш инсонро ба ҳайрат меоварад: наход онро маҳз дар мазаммати наҳзатиён пешгӯӣ карда бошад?!

Ҳар кӣ машҳур шуд ба беадабӣ,
Дигар аз вай умеди хайр мадор.
Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,
Чи ба дасте, чи найзае, чи ҳазор.     

Шоир таъкид мекунад, ки риоя накардани ҳама гуна таҳримот камоли беадабист ва моҳирона дарёи Ҷайҳун (Амударё)-ро ҳамчун унсури муайянкунандаи ҳамин ҳудуд ташбеҳ дода, ҳушдор медиҳад, ки ҳолати бадани худро бо оби он тар кардан – хоҳ ба як ҷуръа ва хоҳ ба миқдори зиёд – ба хайри он шахс умед бастанро барбод медиҳад. Пешвоёни ин ҳизби ба ном “худоҷӯ” бар пояи поймолкунии ҳаримҳо ҳукумати муросои миллӣ ташкил намуданд. Вале гузашти айём нишон дод, ки ҳеҷ кишваре намехост бо онҳо сарукор гирад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти ин ҳукумат ҷангҳои бародаркушӣ қисмати зиёди  ҷумҳуриро фаро гирифт. Кишвар ба вазъияте монанд ба Афғонистони гирифтори ҷанг шабеҳ мешуд. Моликияти давлатӣ ба тороҷ рафт ва ба кишвар даҳҳо миллиард доллари ИМА зарари молию ҷонӣ мерасид. Танҳо моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ садди роҳи ин хатари миллаткушу кишварсӯз шуда тавонист. Баъди барқарор шудани сохти конститутсионӣ низ таҷриба собит сохт, ки тухми низои коштаи ТТЭ ҲНИ ба осонӣ бартараф намешавад. Наҳзатиёни ранҷида тӯли солҳои 1992-1997 муборизаи мусаллаҳонаро идома доданд. Шаҳру деҳот ва боғу киштзор, муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои шахсӣ ба коми оташ кашида шуданд ва вайрону валангор гардиданд, мардуми зиёд кушта ва гуреза шуданд. Таҳдиди воқеии аз харитаи сиёсӣ маҳв шудани номи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ҳамин вазъи ҳассос Пешвои миллат қатъи назар аз хатару мушкилиҳо ба иқдоми наҷиби сулҳофаринӣ дар таърихи навини башарият иқдом намуданд. Баъд аз гузарондани ҳашт давраи гуфтушунид бо мухолифин 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва гурӯҳи мухолифин 30 дарсад курсиҳои ҳукуматро соҳиб шуданд, вале ҳанӯз то оромии комили сиёсӣ ва истиқрори сулҳ сухан гуфтан бармаҳал буду хамирмояи фитрати азалии миллати тоҷик аз ҳамин санаи таърихӣ рӯ ба иқбол овард. Таҷрибаи таърихӣ ва таҳлили коршиносон собит намуд, ки дастгирии молиявӣ ва таъмини мухолифин бо силоҳ ва маводи дигари мавриди ниёзи онҳо аз қаламрави Афғонистони ноором мешуд. Бояд миллати тоҷик ба хубӣ дарк кунад, ки исломгароёни мо дар шакли ТТЭ ҲНИ иҷрокунандагони лоиҳаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буданд, на чизе беш аз ин. Аз ин сабаб, ворид шудани намояндагони онҳо дар ҳайати Ҳукумат барои миллати тоҷик ҳеҷ суде наовард. Зиёда аз ин, ҳамчун ҳизби сиёсӣ номнавис шудани ҲНИ дар фазои сиёсии кишвар пайваста омили таҳрикдиҳандаи воқеаҳои хунин ва бесарусомониҳо мегардид, зеро ин ниҳоди сиёсӣ аз оғози таъсисёбӣ бо созмонҳои ифротгаро, тундрав ва мубаллиғони ақидаҳои динии харобиовар дар ҳамкории доимӣ қарор дошт. Ба назари мо, баёни як далели воқеӣ барои дарки ниятҳои зишти ин ҳизб басанда хоҳад буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ роҳбари онвақтаи ҳизб озими шаҳри Қум гардида, дар назди гурӯҳи ҳазорнафараи донишҷӯёни наҳзатӣ дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳори ақида кардааст: “Мо сулҳи ҳасанӣ кардем, шумо барои ҷангҳои ҳусайнӣ дар Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон омода бошед”. Ҳамин аст то ҳанӯз шиори “аъмол би-н-ниёт”- и ин ҳизб ва дигаргун ҳам нахоҳад шуд.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2018    №: 177-178    Мутолиа карданд: 110

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед