logo

иқтисод

1300 РӮЗИ ОБОДОНӢ. НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

Даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вусъат бахшидани  корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати  сазовор истиқбол гирифтани  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.
Барои сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ дар қаламрави вилоят  “1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида, дар ин радиф дар ноҳияи Деваштич низ корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд.
Бо  дастгирии Ҳукумати мамлакат сохтмони хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой, ки барои рушди иқтисодии ноҳия  аҳамияти бесобиқа дорад, оғоз гардид. Дарозии хати оби Даҳкатсой – Даҳанасой мувофиқи лоиҳа 33,4 километр буда, дар масофаи умумии 31 километр об бе истифодаи неруи барқ ҷорӣ мешавад.  Арзиши лоиҳаи мазкур 64 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти дигар, ки сокинони ноҳия ба бунёди он ниёз доранд, бинои таваллудхонаи маркази ноҳия мебошад. Бинои мазкур барои  100  кат пешбинӣ шуда, аз шуъбаҳои таваллуду физиологӣ, аворизи ҳомиладорӣ, амрози  занона, навзодон ва қабул иборат мебошад.  Сохтмони ин бинои дуошиёна соли 1991 оғоз гардида, то соли 1995 идома ёфт. Минбаъд сохтмон муваққатан боздошта шуда буд.
Алҳол 85 фоизи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба анҷом расидаанд. 
Шахси саховатпеша, сокини деҳаи Далёни Поёни Ҷамоати деҳоти Далёни Боло Садрӣ  Файзиев ба маблағи 1 миллиону 217 ҳазор сомонӣ дар деҳа барои 40 кат беморхонаи нав сохта  истодааст.  Беморхонаи  нав аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, касалиҳои дарунӣ ва бачагонаро дар бар мегирад.
Бинои нави дуошёнаи нозироти андози ноҳия аз 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад ва  бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад.
Дар деҳаи Яхтани Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия  муассисаи томактабӣ  барои 240 кӯдак, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ  Ӯрунбек  Ёқубов ва маркази саломатӣ бунёд гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 - и деҳа куллан таъмиру навсозӣ мешавад.
Ҳоло дар ноҳия таъмиру мумфаршсозии қисмати роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон - Чанак  то  маркази ноҳия - шаҳраки Ғончӣ оғоз гардидааст. Дарозии роҳ 16,4 км ва паҳноии он 8, дар баъзе ҷойҳо то 10 метр аст. Роҳ бо маблағи 25 миллион сомонӣ аз ҷониби  Дирексияи  сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардида, ҳамчунин, чароғонкунии маҳаллаҳои аҳолишини назди роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Даҳҳо иншооти маърифатӣ, фарҳангӣ  ва хизматрасонӣ ба воситаи ҳашару саҳмгирии аҳолӣ бунёд мешаванд. Дар арафаи Ҷашни 27 - умин солгарди Иситиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Хуштоири Мухлон, Далён ва Метк се маркази саломатӣ бунёд гардид.  Бинои маркази саломатии деҳаи Хуштоири Мухлон ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта  шуда, аз 7 ҳуҷраи корӣ, хонаи хатна, таваллудхона ва қабулгоҳ иборат аст ва бо системаи  гармидиҳии барқию офтобӣ таъмин мебошад. Дар дигар деҳаҳои ноҳия  низ бунёди чунин биноҳо идома дорад.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак  бо ташаббуси мардуми деҳа сохтмони майдони варзишӣ ба роҳ монда шудааст.  Корҳои ташкилиро раиси маҳаллаи деҳаи Ғазантарак Ҷумъабой Маъмуров ва имомхатиби деҳа Бозорбой Ҳакимов  ба зимма гирифтаанд. 
Соҳибкор Тӯйчӣ Абдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13   ба номи Исматулло Юлдошеви деҳаи Зарнисорро, ки сарвараш Таҳмина Абдуллоева мебошад, таъмир намуд.  Муассисаи мазкур соли 1983 бунёд ёфта, то ин замон таъмир нашуда буд. Саҳни роҳравҳои мактаб ба масоҳати 124 метри мураббаъ сафолакпӯш, дарвозаи мактаб куллан нав, гирди мактаб панҷарапӯш ва бино пурра таъмиру рангубор карда шуд.
Ҳамчунин,  фарши толори варзиш, ҳуҷраи таълими меҳнат, як синфхона, хуҷраи шоҳмот ва ошхона пурра таъмир гардиданд. Толори варзиш баъди таъмир бо таҷхизоти варзишии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда мешавад.  Соҳибкор Тӯйчӣ Абдуллоев барои таъмири МТМУ № 13 наздики 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Аз ҳисоби кумитаи волидон ва сарпарастони деҳа дар саҳни мактаб ҳавзи об сохта шудааст.
Раванди ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ,  марказҳои савдо ва хизматрасонӣ,  сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом (дар тамоми деҳаҳои ноҳия), таъмиру таҷдиди роҳҳо, кашидани хатҳои обу барқ ва сохтмони иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ, ки вусъати тоза касб намудаанд, аз эҳсоси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия дарак медиҳанд.
Маратҷон  ҶАББОРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 215

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед