logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПАС АЗ МУЗОКИРОТ БО САРВАЗИРИ ЯПОНИЯ СИНДЗО АБЭ, ЯПОНИЯ, 5 ОКТЯБРИ СОЛИ 2018

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Ҷанобон ва хонумҳо!
Кишвари ба мо дӯсти Япония дар силсилаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой ва мақоми муҳим дорад.
Сафари имрӯзаи мо идомаи мантиқии муколамаи сиёсии ҷонибҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд мебошад, ки тайи солҳои охир хислати мунтазам пайдо кардааст. Ҳадафи асосии он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва таҳияи василаву тариқаҳои рушди онҳо дар оянда мебошад.
Мехостам изҳор намоям, ки натиҷаҳои дар Эъломияи муштараки ҷонибҳо инъикос-ёфтаи музокироти имрӯза бо интизориҳои мо аз сафари кунунӣ мутобиқанд.
Мо як силсила санадҳои дуҷонибаро ба имзо расондем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик онҳо шакли иқдомоти амалиро хоҳанд гирифт. Ҷонибҳо ҳамназару ҳамақидаанд, ки аксари лоиҳаҳои аз ҷониби Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда бо ҳадафҳои стратегии рушди кишвари мо комилан созгор мебошанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки сарфи назар аз ҷараёни мусбати робитаҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисод, Тоҷикистону Япония имкониятҳои фарохи ҳанӯз истифоданашуда доранд. Дар ин иртибот, ҷониби Тоҷикистон изҳор сохт, ки ният дорад дар симои кишвари дӯсти Япония шарики муҳиму тавонои тиҷоративу иқтисодии худро пайдо намояд.
Бо мақсади ғанӣ ва гуногунсамт гардондани ҳамкориҳои дуҷониба мо ба ҷониби Япония пешниҳод намудем, ки он, аз ҷумла дар бахши молия, таҳким дода шавад.
Мо, ҳамчунин, тазаккур додем, ки ҳавасмандгардонии доираҳои соҳибкории Япония ба хотири пешбурди фаъолият дар Тоҷикистон метавонад ба омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиамон мубаддал гардад.
Дар рушду густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо ва умуман, тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи мо кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ нақши муҳим бозида метавонад.
Ҷониби Тоҷикистон саноат, истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва рушди манбаъҳои аз лиҳози экологӣ тозаю таҷдидшавандаи неруи барқро чун арсаҳои афзалиятдори ҳамкорӣ таъкид намуд.
Дар ҷараёни суҳбату мубодилаи афкор аҳамияти густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг низ зикр гардид.
Масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи мо дар соҳаи сайёҳӣ ба таври хосса мавриди таваҷҷуҳи мо буданд. Мо ҳамфикр будем, ки пешбурди табодули башарӣ тавассути сайёҳӣ барои таҳкими сулҳу дӯстӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.
Дар ҷараёни музокирот мо ба масъалаҳои калидии дорои хислати минтақавию байналмилалӣ дар арсаи амният дахл намудем. Ман муборизаро бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъу шаклҳои таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар назар дорам. Дар ин маврид нисбат ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷониби Тоҷикистон саҳми азими Японияро дар раванди таъмини амнияти минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония ” таъкид намуд. Ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мо изҳори омодагиву манфиатдорӣ кардем.
Ҷонибҳо ба мавзӯи равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ низ, ки тайи солҳои охир хислати мусбат пайдо кардаанд, таваҷҷуҳ намуданд. Дар ин ҷо муносиби маврид гуфтаниам, ки оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо дидгоҳу мавқеи наздику яксон ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамдастиву ҳамкории зич доранд.
Мо бо Аълоҳазрат Императори Япония Акихито низ роҷеъ ба масъалаҳои номбаршуда гуфтугӯйи пурмуҳтаво ва созанда доштем.
Дар фарҷоми суханронӣ мехоҳам ба роҳбарияти кишвари дӯсти Япония дар симои Аълоҳазрат Акихито, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ва ҳамаи дӯстони японии мо барои меҳмоннавозии гарми суннатӣ изҳори сипос намоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2018    №: 198    Мутолиа карданд: 134

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед