logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Шовалӣ Сайдамиров аз овони мактабхониаш азм мекунад, ки афсар шаваду ба Ватан хизмат намояд.
Бо ҳамин орзуи наҷиб, ӯ ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ - сиёсии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт - Петербург) дохил шуда, баъди хатми он солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ, аз ҷумла командири полк дар шаҳри Душанбе,  фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.
Ҳамчун фарзанди вафодори Ватан, дар доираи иҷрову садоқат ба савганди ҳарбӣ солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар муҳофизати сохти конститутсионӣ, давлату ҳукумати қонунӣ фаъолона ширкат варзида, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ аз худ шуҷоату қаҳрамонӣ ва мардонагӣ нишон дод. Барои иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ соли 1998 ба ӯ рутбаи генерал-майор дода мешавад. 
Баъдан дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа, раёсати фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ хизмат кард.
Генерал - майор Шовалӣ Сайдамиров дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ серталабу сахтгир буда, аз таҷрибаи зиёди андӯхтааш ба афсарони ҷавон сабақ медод. Ӯ доимо барои мустаҳкам кардани интизоми ҳарбӣ, риояи қатъии ойинномаҳои ҳарбӣ ва қонунҳои ҷумҳурӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медод ва худ дар ин маврид намунаи ибрат буд. Дар як вақт ӯ ҳамчун роҳбари ботаҷрибаи собиқадор ҳамеша ба афсарону сарбозон ғамхорӣ зоҳир менамуд, бо суҳбату панду андарзҳои ибратомӯз онҳоро ба хизмати содиқонаву ҳифзи Ватан ҳидоят мекард. Ба ин васила дар дили онҳо ҷо гирифт. Аз сарбози қаторӣ сар карда, то афсари олирутба ҳама ӯро эҳтиром менамуданд. 
Барои хизмати тӯлонию бенуқсон ва шоистааш дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Шовалӣ Сайдамиров бо чандин мукофот сарфароз мегардад.
Баъдтар, бинобар расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан, аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешавад. Вале ӯ ҳамчун ватандӯсти асилу фарзанди вафодори диёр аз хидмат дар  Қувваҳои Мусаллаҳ дур буда наметавонад. Кӯшиш ба харҷ медиҳад, то донишу малака ва таҷрибаи бойи касбиашро ба ҷавонон омӯзад. Ҳоло  ҳамчун яке аз собиқадорони фаъолу пешқадами хизмати ҳарбӣ бо корҳои сиёсию тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ машғул буда, узви  вобастаи шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ ва шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти пурсамару чашмраси ӯ ва албатта, масъулиятшиносиаш, боиси ифтихори мо - собиқадорон буда, ба манфиати Ватани азиз ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад.
Ҳ. ХУДОЙҚУЛОВ, раиси шӯрои собиқадорони Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники мустаъфӣ

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2018    №: 199    Мутолиа карданд: 154

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед