logo

сиёсат

1987. СОЛЕ, КИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ИНТИХОБ КАРДАНД

Машварати оҷилан даъваткардаи бюрои кумитаи партиявии ноҳия бесабаб набуд. Зеро, новобаста аз дастгирии роҳбарони ноҳия, вазъият дар совхози ба номи Ленин беҳбудӣ наёфта, ҳамоно мураккаб боқӣ мемонд. Совхоз аз лиҳози молиявӣ қафомонда буд. Техникаи кишоварзӣ намерасид. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ - ғаллакорӣ, пахтакорӣ ва чорводорӣ рӯ ба таназзул ниҳода буданд. Роҳбарияти ноҳия дар бюрои кумитаи партиявӣ баъди машваратҳои тӯлонӣ роҳи ҳалли мушкилотро дар иваз кардани роҳбари хоҷагӣ дарёфтанд.
Онҳо дар интихоби роҳбар хато накарданд. Соли 1987 буд. Бо супориши бюрои кумитаи партиявӣ котиби дуюми кумитаи партиявии ноҳия В. Орешин ба совхози ба номи Ленин омада, бо меҳнаткашон машварат гузаронд. Аҳли заҳмат аз ӯ хоҳиш карданд, ки роҳбари хоҷагиро иваз намоянд, онҳо ҷавони серғайрату ҷасур Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа сазовор донистанд. В. Орешин пешниҳоди онҳоро пазируфт.
Дере нагузашта бюрои кумитаи партиявии ноҳия барпо гардид. В. Орешин оид ба вазъи хоҷагӣ ҳисобот дода, пешниҳод намуд, ки инструктори кумитаи партиявии ноҳия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара таъйин карда шавад. Аъзои бюро пешниҳодро пазируфта, қарори дахлдор қабул намуданд. Акнун вазифаи хеле масъулиятнок бар дӯши роҳбари ҷавон афтод. Дар натиҷаи тадбирҳои судманд майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва пахта зиёд карда шуд. Аз дигар хоҷагиҳо ба қадри зарурӣ тухмӣ ва тракторҳои шудгоркунанда оварда шуданд. Ҳамон сол обу ҳаво муътадил омада, ҳосили баланди ғалла ва пахта ҷамъоварӣ гардид. Аз ҳисоби фурӯши ғалла, пахта, алафҳои табиӣ, коҳ хоҷагӣ қоматашро рост кард. Дар тӯли 2 соли аввали кор, роҳбари ҷавон тавонист, ки соҳаҳои қафомондаро ба пеш барорад. Соли 1989 гурӯҳи кории олимони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумҳуриҳои Русия, Украина ва Беларусия ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Мақсади онҳо аз навъҳои нави аълосифати тухмӣ рӯёндани ҳосили баланди гандум дар ноҳияҳои Тоҷикистон буд. Гурӯҳи корӣ барои омӯзиш ба ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Фархор, Ёвон ва Вахшу Кӯшониён сафарбар шуданд. Онҳо дар ҳамбастагӣ бо олимони тоҷик ба хоҷагии ба номи Ленин, ки онро Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекард, омаданд. Олимони соҳаи ғаллакорӣ аввалин шуда, корҳои таҷрибаомӯзиро аз ҳамин хоҷагӣ оғоз намуданд. Онҳо шудгори заминро бо тракторҳои шудгоркунандаи азимҷуссаи Т-150 - 75, Т- 54 сар карда, чуқурии онро ба 40 см расонданд. Ҳамаи 50 гектар заминро хушсифат шудгор карда, ба ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 3 то 3,5 миллион донаи навъи хушсифат кориданд, ки ин ба ҳар гектар 180 килограммӣ рост омад.
Олимони соҳа маслиҳат доданд, ки бояд ба як метри мукааб 370 дона тухмӣ кишт шавад. Аз меъёри муқаррарӣ зиёд коштани дона, ба паст шудани ҳосил сабаб мегардад. Бо маслиҳати олимони соҳа, баъди коштани тухмӣ, қабати болоии заминро аз ҳисоби партовҳои нафтӣ (обработка) пурра пӯшонданд. Зеро зироати гандум дар чуқурии хок ҳам оксиген нафас гирифта, аз худ гази карбон хориҷ мекунад. Баъди неш задани тухмӣ ба замин ба миқдори муқаррарӣ нуриҳои фосфорӣ, минералӣ ва азотӣ доданд. Натиҷаи таҷрибаомӯзии олимони соҳа нишон дод, ки дар ҷамъоварии ҳосил, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар замини лалмӣ 40 - 45 сентнерро ташкил дода, дар ҷумҳурӣ натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Совхоз на ин ки нақшаи ғалларо пурра таъмин кард, балки ҳосили бесобиқа ба даст овард.
Аз ин рӯ, минбаъд майдони ғалла сол ба сол васеъ карда шуд. Аз ҳисоби даромади соҳаи ғаллакорӣ соҳаи пахтакорӣ низ дар хоҷагӣ тараққӣ кард. Соли 1990 дар совхоз зиёда аз 100 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ гардид. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба 50 сентнерӣ расонда шуд. Вале роҳбари кордону пуртаҷриба, пахтаи хоми саноатиро ба пунктҳои қабул насупурд. Роҳбарони ноҳияро бовар кунонд, ки пахтаи хоҷагиро бо нархи биржаи ливерпулӣ ба фурӯш бароварда, буҷети хоҷагиро беҳтар мекунад. Вале ин ба осонӣ муяссар намешуд. Зеро барои фурӯши он берун аз ҷумҳурӣ литсензия гирифтан зарур буд. Довталабони фурӯши пахта дар ҷумҳурӣ хеле зиёд буданд. Роҳбари хоҷагӣ дар муҳлати кӯтоҳ литсензияро дастрас карда, пахтаи хоҷагиро бо нархи биржаи ливерпулӣ ба фурӯш баровард. Ҳамон сол даромади софи хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯши ғалладона, пахта, соҳаи чорводорӣ ва пашму пӯст ба 1 миллиону 500 ҳазор сӯми шӯравӣ баробар шуд, ки ин зиёда аз 2 миллион доллари ИМА - ро ташкил дод. Аз ин ҳисоб зиндагии мардуми заҳматкаш давра ба давра беҳтар гардида, ба хоҷагӣ техникаҳои нави ғалладарав, шудгоркунанда ва пахтакорӣ ворид гардид. Аз ҳисоби даромади хоҷагӣ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ 100 сар чорвои калони шохдори зоти кострома аз Русия харидорӣ ва ба фермаҳои хоҷагӣ оварда шуданд.
Совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара дар соҳаи ғаллакорӣ, чорводорӣ ва пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ ба яке аз хоҷагиҳои номдор табдил ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҳамчун олими ҷавони соҳаи кишоварзӣ эътироф ва дар миёни мардум роҳбари хоксору кордон муаррифӣ шуд.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои меҳнатӣ буд, ки соли 1991 оммаи васеи халқ ӯро дар ҳавзаи интихоботии № 172 ҳамчун номзади арзанда ба вакилии мардумӣ дар Маҷлиси Олӣ пешбарӣ намуданд. Дуои падару модар ва пирони рӯзгордида буд, ки ӯ дар интихобот аз байни даҳ номзад ғолиб омад. Бо фитрати азалияш то ба мақоми Сарвари давлат расид. Дар вазъи бисёр ҳассосу печида зимоми идораи давлатро ба уҳда гирифт. Бо иродаи қавӣ ва садоқати бемисл ба халқу Ватани азизи хеш вориди корзор шуд. Тавонист, ки давлату миллаташро аз нестшавӣ нигоҳ дорад ва ба шоҳроҳи тараққиёт ворид созад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 211

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед