logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Хидматҳои Яблонская Ванда Витолдовна барои миллати тоҷик, тоҷикистониён ва рушди маорифи  кишвар зиёд аст.
Ӯ баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург), яъне соли 1939 таҳсилро дар факултети шарқшиносии Университети давлатии ин шаҳр идома медиҳад.
Барояш аз он рӯзгори вазнину даҳшатзо сухан гуфтан душвор буд. Он лаҳзаҳои мудҳишро ноилоҷ  агар барои рӯзномаву хонандагонаш ёдовар мешуд, ҳатман чашмаш пуроб мегардид. Канда - канда, аммо ҳадафрасу бо забони нобу ширини тоҷикӣ мегуфт: «Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Мо – донишҷӯён низ ба отрядҳои махсус пайваст гардидем. Фашистон бо қувваи бузургу тавоно ҳуҷум мекарданд. Аскарони мо ақибнишинӣ менамуданд, аммо мо рӯ ба рӯи душман хандақ мекофтем, ба зидди танкҳои душман. Садои тиру тӯп ва тайёраҳои душманро ба ҳангоми андохтани бомбаҳо пайваста шунидану таҳаммул намудан осон набуд. Ҷон дар кафи даст доштем. Бо чунин вазъу ҳол кӣ умед мебаст, ки зинда мемонад. Ҷон ширин буд, вале муҳофизати Ватан муҳимтар ба шумор мерафт.
Баъд аз ин дар госпитал чор моҳ дар вазифаи санитарка кор кардам. Иҷрои ин амалҳову вазифа маънои онро надошт, ки аз дарс фориғ будем. Ин ҳамаро пас аз дарс ва низ ба ҳангоми таътил ба сомон мерасондем.
Таҳдиди гуруснагӣ, набудани нақлиёт омӯзишу корро душвортар мегардонд. Дар факултет як синфхонаро барои онҳое, ки роҳашон дур буд, ҷудо карданд, яъне онро ҷойи зист намуданд. Ба хонаи омӯзгороне, ки имкони омадан надоштанд, мерафтем ва дар назди онҳо дарс мехондем. Омӯзгоронамон, шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон Евгений Эдуардович Бертелс, Иван Иванович Зарубин, Александр Арнолдович Фрейман, Лев Александрович Хетагуров моро рӯҳбаланд менамуданду умед мебахшиданд.
Бачаҳо, ҳамкурсонам, ба фронт рафтанд ва дигар барнагаштанд. Соли 1942 Ленинград дар муҳосира афтод ва дигар имкони таҳсил дар ин шаҳр намонд. Мо – се духтарон шарикдарсон ба шаҳри Душанбе омадем ва таҳсилро бо роҳбарии профессор Иван Иванович Зарубин идома додем».
Пас аз анҷоми ҷанг, ӯ соли 1945 бо узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Табаров зиндагияшро пайваст. Ва ҳам дар ин вақт буд, ки аз раиси шаҳри Ленинград ба мазмуни зерин нома гирифт: «Хонаи Шумо дар шаҳри Ленинград, дар кӯчаи Рубенштейн 20, ҳуҷраи 14 маҳфуз мебошад. Бо баргаштанатон мо ҳамаи таҷҳизоти хонаи Шуморо, ки дар ҷанг нобуд шудааст, барқарор мекунем».
Ӯ ин даъватро напазируфт ва ба Ленинград нарафт...
Яблонская Ванда Витолдовна дар таълиму тарбияи хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик, ҷамъовари шеваи ҷануби кишвар, таълифи китобҳои дарсӣ саҳми зиёду чашмрасу фаромӯшношуданӣ дорад.
Забони тоҷикиро хуб медонист ва бо он бисёр зебову дилнишин сухан мекард. Зиндагиву кораш воқеан намунаи ибрат буд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2018    №: 237    Мутолиа карданд: 178

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед