logo

ҳуқуқ

“САЛАФИЯ”. БОЗ ЯК ГУМРОҲ МУҶОЗОТ ШУД

Дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2009 фаъолияти равияи динии “Салафия” дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шуда, аз 8 декабри соли 2014 барои таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти кишвар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии фаъолияти экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват ва низои динию мазҳабӣ равияи динии “Салафия” дар ҷумҳурӣ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст. 
Бо вуҷуди коҳиши шумораи ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ шомил шудаанд, мутаассифона, ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки бо ҳар роҳу восита ҷавонони гумроҳро бо ваъдаҳои сохта ба доми фиреби худ меафтонанд. Суди ноҳияи Сино сокини пойтахт Наими Фирӯзро бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор донист.
Тавре тафтишоти парванда муайян кард, Наими Фирӯз, тахминан аз соли 2013 таълимоти динии равияи “Салафия”- ро аз Пирназар Мухторов бо тахаллуси “Муҳаммад”, Шуҳрат Партоев (бо ҳукми суд соли 2016 ба муҳлати 5 сол суд шудааст) ва домулло Сироҷиддин (Сироҷиддин Абдураҳмонов), сокинони шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯ ва ба воситаи паёмакҳои шабакаи иҷтимоии “Ватсап” омӯхта, онро ҷонибдорӣ намудааст. Номбурда то ин вақт ҳамчун аъзои равияи динии “Салафия” бо ҳаммаслакони худ дар маъракаву маросимҳои мардум ва дар байни омма дар шаҳри Душанбе фаъолона ба ташвиқу тарғиби фаъолияти равияи мазкур ва бартарии он аз дигар мазҳабҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман амалкунанда бо ҳар тарзу восита машғул шудааст. Ӯ таълимоти мазҳаби Ҳанафияро инкор ва тарзи намозгузориашро тағйир дода, дар охири намоз дуои дастаҷамъӣ ва дар қабристонҳо хондани оятҳои Қуръонро бидъат эълон намуда, бо ҳамин роҳ ақидаҳои иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) равияи динии “Салафия” - ро нисбат ба таълимоти мазҳаби суннатии дини ислом, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд, мухолиф гузоштааст.
Ҳаракату амалҳои Наими Фирӯз бо дастгир шуданаш тариқи чорабиниҳои фаврӣ наворбардорӣ шудааст, ки тибқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи намозхонӣ ва ақидаҳои дар нишондод ва навори фитаи дарҷгардида хоси равияи динии “Салафия” буда, иҷрои ин амалҳо боиси барангехтани кинаву адовати динӣ - мазҳабӣ мегардад.
Суд баъди баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ ҳукм кард, ки Наими Фирӯз бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр, таъйин карда шавад.
Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД,
cудяи суди ноҳияи Сино,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2018    №: 238 - 239    Мутолиа карданд: 79

18.12.2018


Баргузории барномаи фарҳангии «Сад ранги чакан»

Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадӣ

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат дар шаҳри Хоруғ

Душанбе шукӯҳи идона мегирад

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Ҷараёни 1/8 финал

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Сарвари низомиёни Покистон ҳукми қатли 15 террористро тасдиқ намуд

Соли 2018 дар дунё беш аз 110 журналист ба ҳалокат расид

Россия ва Чин ҷиҳати тағйирдиҳии атмосфера озмоиши муштарак гузаронданд

Дар Қазоқистон давоми 27 сол беш аз 130 миллион метри мураббаъ манзил сохтанд

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед