logo

маориф

МАОРИФ ДАР САРГАҲИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд мекунад. Инро дар зиёд шудани шумораи медалҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фаннӣ ва озмунҳои ихтироъкорони наврас мушоҳида кардан мумкин аст.
Тавре Пешвои муаззами миллат зикр намуданд: «Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт”.

Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 1050 муассисаҳои томактабӣ бунёд мегардад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат сохта мешаванд. Дар чунин муассисаҳо ҳазорон тифлакони дӯстрӯи мо ба таҳсил фаро гирифта, барои хониши онҳо заминаи боэътимод гузошта мешавад.
Аз тарафи дигар, баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, ки дар рушди неруи инсонӣ саҳми асосӣ доранд, яке аз масъалаҳое буданд, ки дар Паём зикр гардид. Аҳли маориф яке аз қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа аст ва рушди маориф дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат эҳсос мешавад. Дар баробари ин, воқеан, нарасидани омӯзгорони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи мушкилоте ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём ҳушдор доданд, ки “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”. Оре, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, ки муаллим дар курсҳои бозомӯзӣ малакаву маҳорат ва дониши худро сайқал диҳад, зеро танҳо муаллими варзидаву соҳибтаҷриба қодир аст, ки насли солими созандаро тарбия карда, ба онҳо дониши мукаммал диҳад. Омӯзгори имрӯза бояд дорои тафаккури баланд ва фазилати педагогӣ бошад, аз технологияҳои муосири иртиботӣ истифода бурда тавонад ва дар ҷараёни дарс аз методҳои фаъоли таълим кор гирад.
Пас, моро зарур аст, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии наврасону ҷавонон саҳми бештар гузорем. Зеро саводнок ва соҳиби касб шудани насли наврас кафили саодати худи онҳо ва татбиқи ормонҳои олии инсонӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Фарзона АКРАМОВА, омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 888

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед