Хабарҳо
Хисорот аз ғорати осорхонаи Дрезден миллиард евроро ташкил дод
Bild. Ҷинояткорон дар ин шаҳри олмонӣ осорхонаи Grьnes Gewцlbe («Гунбази сабз») - ро ғорат намуданд.
Ганҷинаи Саксония миқдори бузурги маснуот аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо дорад. Номгӯи ҷавоҳироти ба яғмобурда алҳол расман ироа нашудааст. Ҳамин қадар маълум, ки «Бриллианти сабз» - и 41 қирота дуздида нашудааст — дар лаҳзаи ғорат ин санги достонзеб дар намоишгоҳи осорхонаи Метрополитен дар Ню - Йорк буд.
Полиси Олмон то ҳол касеро дастгир накардааст ва гумонбарони ин ғорати густохонаро ном бурда наметавонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1056