logo

Хабарҳо

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Бори аввал дар таърихи дзюдои Тоҷикистон паҳлавонон Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо – охирин чорабинии силсила - мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо (12 – 14  декабр, Чин) иштирок мекунанд.
Тибқи низомнома дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи IJF, дар мусобиқа 448 варзишгар (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат ширкат хоҳад кард. Гӯштигироне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал, бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд. Барои ҷои аввал 9000, ҷои дуюм 6000 ва ҷойҳои сеюм 3000 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби имтиёз гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Барои иштирок гӯштигирон соҳиби 200 хол мегарданд. Ба ҷои аввал 1800, ҷои дуюм 1260, ҷои сеюм 900 имтиёз дода мешавад.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО – 2020. "Истиқлол" бо "Локомотив" неру месанҷад
21 январ дар шаҳри Тошканд дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол, дар даври интихобии Лигаи чемпионҳои КФО – 2020 бо тими «Локомотив» (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи КФО, ғолиби ин ҷуфтро дар даври плей – офф тими «Ал-Аҳлӣ» - и (Арабистони Саудӣ) интизор аст.
Дар ҳолати ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳо роҳ ёфтани тими «Истиқлол», барандаи медалҳои биринҷии чемпионати кишвар дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО – 2020 Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
 
ҶОМИ КФО – 2020. "Хуҷанд" дар даври плей - офф
Тими «Хуҷанд», барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол, дар даври плей - оффи Ҷоми КФО – 2020 барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ бо ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон) зӯр меозмояд.
Бино ба хабари КФО, қувваозмоиҳо миёни тимҳои «Нефтчӣ» ва «Аҳал» 5 – 12 феврали соли 2020 доир мегарданд. Бозиҳои «Хуҷанд» бо ғолиби ҷуфти мазкур 19 – 26 феврали соли оянда баргузор мешаванд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 222

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед