logo

маориф

ТАРҶУМА ВА ТАРҶУМАШИНОСӢ. ДДЗТ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОРАД

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Шигардҳои тарҷума» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар партави Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Дар конфронс узви пайвас-таи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мирзо Муллоаҳмадов, Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода ва дигарон ширкат ва суханронӣ карданд.
«Шигардҳои тарҷума» номи китоби устоди донишкада, номзади илмҳои филология, дотсент, тарҷумашинос Абдурашид Самадов аст, ки дар панҷ соли охир аз маъруфияти вижа бархӯрдор гардид, хонандагони зиёд дарёфт ва ба он тақризҳои зиёд навишта шуданд.
Дар он сухан аз бузургони илму адаби Аврупову Амрико, аз қабили Ҳёте, Арберӣ, Николсон, Браун, Контесед, Анна Мари Шиммел, Гертруда Бел, Хансбергер, Ҷонс Вилямс, Ситсилия Бону (Силсилабону)  меравад, ки доир ба адабиёту фарҳанги тоҷику форс пажӯҳишҳои вижа бурдаанд ва дар муаррифии осори гаронмояи классикони мо саҳм гузоштаанд.
- Тарҷумаи бадеӣ ба унвони яке аз рукнҳои муҳими робитаҳои адабӣ барои пайвандҳои аҳли башар, шинохт ва таъсири мутақобилаи адабиётҳо имконияти нодире фароҳам меорад. Дар айни замон, тарҷумаи бадеӣ мактаби бузурги омӯзиши адабист, зеро шинохти ҳунари адабӣ, ошноӣ бо фарҳанги мардумӣ ва расму оинҳои халқҳои дигар, сабки нигориш ва бозёфтҳои бадеии як нобиғаи адабиёт барои ибтикори тозаи даҳҳо адибони халқҳои мухталиф ангеза медиҳад, - гуфт Саидалӣ Маъмур.
Идомаи рамзии китоби «Шигардҳои тарҷума», «Шарқ дар оинаи Ғарб» аст, ки соли гузашта муаллиф онро интишор дод. Дар меҳвари «Шарқ дар оинаи Ғарб» масоили робитаҳои адабии Шарқу Ғарб, назария ва амалияи тарҷумаи бадеӣ, тарҷумашиносӣ, аҳвол ва мероси адабии шарқшиносӣ аҳвол ва мероси адабии ховаршиносони бузурги фарҳангӣ қарор гирифтаанд, ки бо диду назари хоси муаллиф ва пайгирӣ аз консепсияҳои илмии ин шохаи илм рӯи кор омадаанд.
- Абдурашид Самадов ташаккул ва таҳаввули тарҷумашиносиро ба унвони равияи махсуси илмӣ ба нимаи дувуми садаи XX нисбат дода, масъалаҳои мубраму хоси тарҷума, аз қабили муодилнокӣ, эҳсоси амонатдор дар баробари нусхаи асл, хелҳои озод, таҳтуллафзӣ ва сатр ба сатри тарҷума, ҳифз намудани ҷилваю тобишҳои миллӣ ҳангоми анҷом додани тарҷумаи бадеӣ, интихоби вожаҳои ифодакунандаи воқеияти зиндагӣ ва шеваи расондани онҳоро бо диду доварии тозае баррасӣ кардааст, - изҳор дошт Мирзо Муллоаҳмадов.
Осори гаронбаҳои адабиёти тоҷику форс, бахусус, назми он шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба забонҳои зиёди мардумони Шарқу Ғарб тарҷума шудаанд. Ин  тарҷумаҳо бо роҳу василаҳои гуногун сурат гирифта, сатҳу сифати онҳо  низ яксон нестанд. Раванди ҷаҳонишавӣ, рушди робитаҳои адабӣ тақозо менамояд, ки ин масъала  амиқу ҳамаҷониба баррасӣ шавад. Барои анҷоми ин корҳо ба мутахассисони соҳибтаҷриба, ба монанди Абдурашид Самадов ниёз дорем, ки панҷоҳ соли умри азизашро сарфи таҳқиқ кард.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсус зикр карданд, ки бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳаи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ омода кунем. Дар робита ба ин, ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода масъулияти бештар дорад. Зеро маҳз дар ин боргоҳи илм забонҳои маъруфтарини оламро меомӯзанд, - гуфт Равшан Раҷабзода.
Дар маҷмӯъ, пажӯҳишҳои Абдурашид Самадов аз муколамаи судманди фарҳангҳо паём расонда, мақом ва ҷойгоҳи адибон ва мутарҷимони тоҷикро дар тамаддуни умумибашарӣ ва таваҷҷуҳи донишмандони Ғарбро ба шоҳкориҳои адаби форсу тоҷик ба намоиш мегузорад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 853
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед