иҷтимоиёт
ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ. АЗ ОНҲО КАМ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ. ЧАРО?
Гиёҳҳои шифобахш ва гиёҳдармонӣ яке аз усулҳои беҳтарини мубориза бо бемориҳои гуногун буда, дар ҷаҳон собиқаи дерин дорад. Имрӯз дар Тоҷикистони мо низ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ афзудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд».
Дар робита ба ин, мо низ чанд пешниҳоду маслиҳатҳои олимону табибонро доир ба таъсири гиёҳҳо ба саломатии инсон нигоштаем. Олимон муайян кардаанд, ки калонсолон соле 3 - 4 маротиба гирифтори бемориҳои вобаста ба шамолхӯрӣ мешаванд. Ин нишондиҳанда дар кӯдакон бештар аст. Азбаски ҳоло мавсими сармо ҳукмфармост, дар кӯчаю бозор, нақлиёт ва муассисаҳо ашхоси зиёдеро дучор меоем, ки сулфаю атса зада, аз шамолхӯрию зуком шикоят мекунанд.
Дар чунин ҳолат бо худтабобаткунӣ машғул шудан хуб нест. Бемор бояд танҳо бо машварати табиб дору истеъмол кунад. Аммо, илова ба тавсияи духтур, истифода аз гиёҳдармонӣ боиси зудтар шифоёбии бемор гашта метавонад. Беҳтар аст, ки чораҳои пешгирии қабл аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми пайдо шудани сулфаи хушк рӯзе як пиёлагӣ 3 - 4 бор нӯшидани чойи гарми мармарак (шалфей) муфид аст.
Зимни хориши гулӯ ва сулфаи хушк рӯзе 3 - 5 маротиба нӯшидани чойи гарми сесанбар (чабрец) барои раҳоӣ аз мушкилиҳои зикршуда ёрӣ мерасонад. Чойи гиёҳҳои бобуна ва бӯи модарон барои рафъи таъсири шамолхӯрӣ фоидабахшанд. Решаи гули хайрӣ, сапали шутур ва ширинбия хосияти зуд аз балғам халос шудани организмро доранд.
Мураббои тамашк (малина) ва чойи ширини настаранӣ (хулул, хуч) низ воситаи хуби ёрирасон барои муолиҷаи бемориҳои шамолкашӣ мебошанд.
Барои муолиҷаи кӯдакон як қошуқча қоқуи хушкро бо як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дар гармӣ нигоҳ доред. Сипас, онро аз дока гузаронда, дар ҷои торик гузоред. Дар пиёлае бо ним қошуқча асал омехта, рӯзе се бор ба кӯдак додан лозим аст. Агар кӯдакони аз сесола болоро дарди гулӯ ва сулфаи хушк азият диҳад, бо ҷӯшобаи нозбӯ ва пӯдина обгардон кардани даҳон манфиат мебахшад.
Нӯшидани чой бо асал ва лимӯ (бо пӯсташ) барои аз витаминҳои зарурӣ таъмин шудани ҷисм ва пурқувват шудани масуният (иммунитет) ёрӣ мерасонад. Агар масуният қавӣ бошад, организм ба бемориҳо мубориза бурда метавонад.
Аз ин чанд пешниҳод пайдост, ки саломатии мо дар дасти худи мост. Пеш аз он ки ба дорухона рафта, бо нархҳои гарон доруву дармон мехарем, бояд аз усулҳои куҳану санҷидашудаи гиёҳдармонӣ истифода барем. Аз ҷумла, бидуни гирифторӣ ба ягон намуд беморӣ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахш тавсия мешавад. Зеро онҳо барои нерумандӣ ва фаъолияти муназзами организми мо мусоидат менамоянд.
Зайнура САФДАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 50,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2020 №: 20 Мутолиа карданд: 269