logo

номаҳо

АРЗИ СИПОС БА САРВАРИ ДАВЛАТ

Синну соли ман ба 87 расидааст. Ҳамчун собиқадори меҳнат дар ободонии диёр саҳми босазо гузошта будам ва ҳоло давлати пирӣ меронам. Дигаргуниҳои куллиеро, ки бобати ободонию бунёдкориҳо тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич тайи соли гузашта ба амал омад, аз ин пеш  надида будам. Махсусан, маркази ноҳия - шаҳраки Ғончӣ ба дараҷаи шинохтанашуданӣ тағйир ёфт. Майдони Парчами давлатӣ, муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич ва боғи фарҳангию фароғатӣ ба он ҳусну шукӯҳи тоза бахшид. Биноҳои маркази модару кӯдак, маркази адлия, нозироти андоз ва боз чандин марказҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданду сатҳи зиндагонии мардум бамаротиб боло рафт. Роҳи байни Ғончӣ то шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанак  мумфарш гардида, дар ду тарафи роҳ ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонда шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Яхтан кӯдакистони «Дӯстӣ», маркази саломатӣ бунёд ёфта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 пурра навсозӣ шуд, ки ифтитоҳи чунин иншоотҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 августи соли 2019 ба вуқӯъ пайваст.
Дар муддати зиёда аз як соли роҳбарии раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар тамоми мавзеъҳои аҳолинишини ноҳия тадбирҳои ободонӣ таҳти маслиҳату дастурҳои Сарвари давлат авҷу барори тоза гирифт. Кӯчаҳои шаҳраки Ғончӣ пурра чароғон гардидаанд. 
Барои фароҳам овардани чунин имкониятҳо оид ба ободонии маҳал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худ ва тамоми собиқадорони ноҳияи Деваштичро баён менамоям. Мо мефахрем, ки чунин Сарвари оқилу хирадманд ва ғамхори халқ дорем ва дасти дуо мекушоем, ки ҳамеша тансиҳату умри дарози пурбаракат  насибашон гардад!

Абдураҳмон ШАМСИЕВ,
собиқадори меҳнат, сокини
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 141
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед