Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД
То 18 июни соли равон дар муассисаҳои табобатии Тоҷикистон 248 нафар зери назорати табибон қарор дорад. Тайи як шабонарӯзи охир 62 кас баъди сиҳат шудан аз бемории COVID –
19 аз муассисаҳои тандурустӣ ҷавоб дода шуд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 18 июн дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 279 нафар мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ 3 ҳазору 762 бемор (71,2 дарсад) шифо ёфт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1188