logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ТАЛОШҲО ДАР КОРЗОРИ СОЗАНДАГӢ

Дар ноҳияи Восеъ дар доираи  чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили ботантанаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 405 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми як соли охир дар ноҳия тавассути  мунтазам роҳандозӣ шудани корҳои ободонӣ ва навсозию бунёдкорӣ аз шумори иншооти ҷашнӣ 238 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маркази ноҳия - шаҳраки Ҳулбук бо қомат афрохтани иншооти замонавӣ симои меъмории  худро дигаргун кардааст. Ба анҷом расидани корҳои сохтмонии қасри фарҳанг, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, таъмиру таҷдиди бинои беморхонаи марказӣ, навсозии гулгашти фароғатӣ бо пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, сохтмони маркази тиҷоратӣ бо силсилануқтаҳои хидматрасонӣ, таҷдиду навсозии боғи фарҳангӣ - истироҳатӣ ва дигар амалҳои созанда ҳусни шаҳракро афзудаанд. Рангубор ва иваз намудани болопӯши хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо иқдоми бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва  ҳамраъйии фаъолони маркази ноҳия рӯи кор омад, воқеан, амали ба талаботи замон мувофиқ ва шоистаи таҳсин аст.
Бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот, аз қабили коргоҳҳои адрасбофию эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, майдончаҳои варзиш, гулгашту мавзеъҳои фароғатӣ, вусъати амалҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, ки аз омилҳои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, бешак, барои вусъати рушди иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат карда, дар камолоти ояндаи ҷисмониву маънавии насли нави ҷомеа, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва садоқатмандӣ ба халқу Ватан таъсири муҳим мегузорад.
Ҳоло корҳои сохтмону навсозӣ дар 128 иншооти ҷашнӣ бомуваффақият ҷараён доранд. Лоиҳаи сохтмони 29 иншооти дигар тарҳрезӣ шуда, дар наздиктарин фурсат корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳанд шуд. То Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 22 корхона ва коргоҳи хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла маркази тиҷоратию хизматрасонӣ бо коргоҳи адрасбофӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ, ба кор даровардани хати нави истеҳсолӣ дар шафати корхонаи ҶСП "Хоҷамуъмин", сохтмони гимназияи хусусӣ, 2 муассисаи томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 3000 ҷойи нишаст, 12 иншооти фарҳангӣ (клубу китобхона ва боғу гулгаштҳои фароғатӣ), 22 майдонча ва толори варзиш, 38 иншооти тиббӣ, 137 маркази хизматрасонӣ бо фарогирии ҳаммом, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, 8 бинои маъмурӣ, 6 хонаи истиқоматии миёнаошёна, таъмири 15 бинои истиқоматии 2 ва 4 - ошёна, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба масофаи 38 км ва барқ ба масофаи 3,5 км, чароғонкунии кӯчаҳо ва шинондани 4 трансформатори нав  ба анҷом хоҳад расид. Бо тарҳи муосир эҳё ва барқарорсозии мавзеи таърихии "Қайнар" дар деҳоти ба номи М. Вайсов беҳтарин амали бунёдкоронаест, ки аз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат башорат медиҳад. Ин мавзеъ барои муаррифии табиати зебои Тоҷикистони азизи мо ва ҷалби сайёҳони ватанию хориҷӣ василаи хубест.
Анҷоми муваффақонаи корҳои созандагию ободонӣ ба фароҳам омадани садҳо ҷойи корӣ ва беҳбудии рӯзгори мардуми ноҳия мусоидат мекунад.

Абдушукур  ИСОЕВ,  корманди
шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2020    №: 144    Мутолиа карданд: 96
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед