logo

сиёсат

ОФТОБРО БО ДОМОН ПӮШОНДА НАМЕШАВАД

АНДЕШАҲО  БАЪДИ ИНТИХОБОТ
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пирӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Ҳамин тавр ҳам бояд мешуд. Дар вазъи кунунии ҷомеа, дар паси пардаи таҳаввулоти зиёди сиёсӣ ва як ҳолати пешгӯинашавандаи олам ин интихоби хеле дурандешонаи халқи фарҳангии тоҷик аст.
Аз дигар ҷиҳат, бояд мардона андеша намоем ва бояд мардона иқрор шавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои ин маснади олӣ аз Пешвои миллат дида, шахсияти сазовор, ботаҷриба, барои мардуми ҳамаи гӯшаҳои кишвар маҳбубу гиромӣ мавҷуд нест. Тамоми Тоҷикистон медонад, ки ин шахсият барои истиқрори сулҳ, таҳкими давлатдорӣ, зина ба зина раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бунбастҳо ва муҳосираҳо, ободу зебо намудани мамлакат, пешрафти иқтисоди миллӣ чи хидматҳое намудаанд. Қисмати худро бо мардум қисмат ва умри худро сарфи хидмат ба миллат намуда истодаанд.
Баъдан, Пешвои миллат рамзи воқеии истиқлоли мо буда, доимо дар талоши онанд, ки Тоҷикистон ҳамчун як сарзамини зебову шукуфон ва дорои тамаддуни таърихӣ дар арсаи олам шинохта шавад. Алҳол дар ҷомеаи мо бисёр ҷузъиётҳо ворид гаштаанд, ки дар назари аввал содаву одӣ менамоянд, вале дар асл хеле муҳим буда, дар тамоми олам тоҷиконро ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни бузурги таърихӣ муаррифӣ менамоянд.
 Масалан, гузаштан ба ному насаби таърихии тоҷикӣ, Пешвои миллат аввалин шуда, ба ному насаби тоҷикӣ гузаштанд ва инро ба тамоми мардуми тоҷик тавсия доданд. Ё, тағйир додан, яъне  тоҷикӣ намудани номҳои ҷуғрофӣ.
Хидмати бузурги Пешвои миллат буд, ки дар харитаи Тоҷикистон номҳои Суғд, Бохтар, Хистеварз, Левакант, Ҷайҳун, Деваштич, Темурмалик ва ғайраҳо пайдо ва номи боғу гулгаштҳо, деҳаҳову ҷамоатҳо, корхонаҳо низ тоҷикӣ шуданд. Ин раванд идома дорад.
Ташкили солгарду ҷашнвораҳои бузургони адабу ирфон, шаҳрҳову мавзеъҳои таърихӣ низ мардуми моро хотиррасон менамоянд, ки мо миллати қадимаи соҳибтамаддун ҳастем. Имрӯзиёни мо ҳам бояд чун давомдиҳандагони зиндагӣ ва урфу одатҳои гузаштагони пурифтихорашон сазовор зиндагӣ намоянд. Ба китоб рӯ овардани мардум, китобхон шудани ҳам кӯдакону ҳам бузургон, ташкили озмунҳои гуногун, аз ҷумла озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  низ аз ҳамин силсила буда,  пайомади неке хоҳад дошт. Ин ҳама мардумро доно ва соҳибандешаву муттаҳид месозад, мо боз ба асли худ бармегардем.
Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ гуфтаанд: «Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта, ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон, муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем. Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».
Ҳама ба хотир дорем, ки дар гузаштаи начандон дур, доираи истифодаи забони тоҷикӣ хеле маҳдуд шуда, қариб ба забони хонаводагӣ мубаддал гашта буд. Забони мансабдору ашрофон батадриҷ забони русӣ мешуд. Ман, албатта, тарафдори забондонии ҳаммиллатонам ҳастам, вале, пеш аз ҳама, бояд забони модарии худро омӯхт ва донист. Ҳатто гузаштагони мо низ фармудаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.
Фақат истиқлол имкон фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ рушд ёбад ва қадру манзалат пайдо намояд. Дар баландтарин минбар - минбари Созмони Милали Муттаҳид Пешвои мо бо забони тоҷикӣ сухан меронанд.
Пешвои миллат бобати  забони тоҷикӣ таъкид намудаанд, ки ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад.
Дар ин мавод ман дар бораи пешрафти иқтисодӣ ва раванди бунёду ободкорӣ чизе намегӯям, чунки дар мақолаи  пешинаам - «Ваҳдати моро шаҳодатнома дод» («Ҷумҳурият», аз 14 сентябри соли 2020) дар ин мавзӯъ ишораҳо буд. Ин ҷо ман аз маҳбубияти Пешво дар назди миллат ва миллатро самимона дӯст доштани Пешво ва хидмати ҷонфидоёнаашон бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум чанд андешаи худро изҳор доштаниям.
Дуруст аст, ки мо, ҳарчанд, аз гуруснагии воқеии нангин, аз зулмоту бебарқӣ, аз нооромии вазъи муҳити зист халос хӯрда бошем ҳам, ҳанӯз на аз ҳама камбудиҳои зиндагиву рӯзгор пурра раҳо шудаем. Аммо як бор тасаввур кунед, ки дар чӣ қадар вақти кӯтоҳ ва баъди чӣ қадар воқеаҳои даҳшатборро аз сар гузарондан, ба ин ҳама ноил шудем. Чор ҳадафи стратегӣ, ки Пешво барои ноил шудан ба онҳо моро раҳнамун месозанд, барои ноил гардидани мардум ба зиндагии шоиста имконияти воқеӣ муҳайё менамоянд. Ин раванд идома дорад ва дар 10-15 соли оянда, тасаввур намоед, худро дар кадом сатҳ мебинем!
Мардум бо андешаи фитрӣ ва ақли азалии худ инро хуб эҳсос менамояд. Дар ҳар суҳбату вохӯрие, ки Пешвои миллат ба муносибати Ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сокинони кишвар доштанд, ин хуб аён буд. Бо паю қадами Пешво садҳо корхонаву коргоҳ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву томактабӣ, манзилҳои истиқоматӣ ифтитоҳ ёфтанд, боғу истироҳатгоҳҳо бунёд шуданд. Симои тамоми кишвари мо тағйир ёфта истодааст. Аз ҳама бештар, дилҳо ба истиқболи Пешво шукуфону фурӯзон гаштанд, кӯдакон аз дидори шарифи Пешво ба ваҷд меоянду дар дили ятимону бепарасторон шуълаи гарми умед ба зиндагӣ ва ба оянда фурӯзон гашт. Паю қадами Пешво сабз аст, ҳар қадами Пешво ободиву шукуфоӣ меорад:
Ба ҳар ҷое қадам монӣ,
Ҳама сабзу шукуфон мешавад аз нури дидорат.
Ба ҳар ҷое қадам монӣ,
Замин гул мекунад он ҷо,
Ҳазорон чеҳра хандон мешавад аз нури дидорат.
Ятиму бепарасторе навозиш мекунӣ вақте,
Ҳазорон дида рахшон мешаванд аз нури дидорат.
Аз ин ободие дорем,
Аз ин озодие дорем
Дили мо партавафшон мешавад аз нури дидорат
Аз он номус  "Роғун" офаридаст,
Даруни куҳ тамаддун офаридаст
Чароғон мешавад бас оламе аз нури дидорат.
Китоби "Тоҷикон"-ро додаӣ бар тоҷикон имрӯз,
Фурӯзон илму ирфон мешавад аз нури дидорат.
Барои қисмати миллат ҳаётат кардаӣ қисмат,
Аз ин имрӯз,
Аз ин фардо,
Ҳама халқат ба сомон мешавад аз нури дидорат.
Чу кӯҳи сарбаландӣ дар миёни кӯҳсоронат,
Заифандеша ларзон мешавад аз нури дидорат.
Нигаҳ аз Қасри миллат мекунӣ бар вусъати
кишвар,
Шукуфон  Тоҷикистон мешавад аз нури дидорат.

Дар интихобот пирӯз шудани Пешвои миллат боз як афзалияти дигари худро дорад, ки чароғи он душманони миллатро, ки аз дуру наздик ба дӯши мардуми мо ҷанги иттилоотиро таҳмил дода, ба мағзи мардум таъсири бад расонда ва ҷомеаро ба нооромӣ кашиданӣ мешуданд, ба об афтонд.
Бо ҳар роҳу восита, аз дур - ошкортару аз наздик - бо рамзу ишораҳо дар тамоми ин муддат баъзе расонаҳо ва ашхоси алоҳида тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз таги нохун чирк кофта, аксаран аз номи дигарон, маводу мақола омода намуда, ба боғи зебову шукуфони зиндагии мо нияти сангпартоӣ мекарданд. Акнун онҳо як бори дигар пурра фаҳмиданд, ки аз кӯрпашае, ки гоҳ-гоҳ аз бехи гӯши одам парвоз намуда, садои пастаку нофораме мебарорад, болотар нестанд.
Пешвои миллат бо қуввату идроки фавқулодаашон, ки рӯзе чанд ноҳия дидан намуда, чандин вохӯриву суҳбатҳо доир менамуданд, дар ҳама ҷо бо самимияти комил ба дили мардум роҳ меёфтанд. Ягон қувва, ягон кӯшиш, ягон фиребу найранги бадхоҳони мо ва хоинони миллат дигар меҳри ӯро аз дили мардуми тоҷик зудуда наметавонад.
Дар фазои Тоҷикистони азиз
Шуълавар он Офтоби дигар аст.
Бо дили хуршедиву афкори нек
Меҳри гармаш дар вуҷуди кишвар аст.
Тавъами Хуршед месозад амал,
Пайкари нурониву нурофар аст.

Бале, имрӯз Пешвои миллати тоҷик, ба масал, Офтоберо мемонанд, ки ба тамоми Тоҷикистони азизи мо баробар нуру зиё бахшида, якпорчагии кишвари моро таъмин намуда, пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми онро  кафолат медиҳад. Дар ин вазъ, агар ба ибораи халқӣ гӯем: «Офтобро бо домон пӯшонда намешавад!». 

Нозир ЁДГОРӢ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2020    №: 209    Мутолиа карданд: 329
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед