logo

Хабарҳо

ДЗЮДО

Имсол киҳо чемпиони кишвар шуданд?
Тайи се рӯз (13 – 15 ноябр) дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни мардону бонувон бо ширкати дастаҳои Душанбе, Душанбе – 1, Хатлон – 1, Хатлон – 2, Суғд, Бадахшон, Рашт ва ШНТМ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои мамлакат, бори аввал дар кишвар чемпионати бонувон ва қувваозмоиҳои даставӣ доир гардид. Бештари медалҳоро паҳлавонони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ).
Ҳамин тариқ, имсол миёни бонувон Аҳлия Муъминова (- 57 кг) ва Шоҳида Қаландарова (- 70 кг, ҳар ду Душанбе) чемпиони кишвар гардиданд. Байни мардҳо бошад, Абумуслим Қаюмзода (- 60 кг, Душанбе), Баҳром Сӯфиев (- 66 кг, Хатлон – 2), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (- 73 кг Душанбе), Ҳақназар Назаров (- 81 кг, ШНТМ),Ҷаҳонгир Маҷидов (- 90 кг), Фирдавс Насимов (- 100 кг) ва  Хуршед Маҷидов (+ 100 кг, ҳама Душанбе) унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.
Дар рақобатҳои даставӣ тими Душанбе пирӯзӣ гашт.


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон омодагиашро оғоз кард
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Мубин Эргашев ҷамъомади машқӣ - таълимии худро дар Душанбе шурӯъ намуд. Даста ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё омодагӣ мебинад.
Тибқи иттилои ФФТ, тамринҳои даста ду ҳафта идома мекунанд. Сармураббӣ барои иштирок дар ин чорабинӣ 28 бозигар – 4 дарвозабон, 10 муҳофиз, 8 ниммуҳофиз ва 6 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (3 – 20 марти соли 2021) баргузор хоҳад шуд. Мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи «Д» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ мекунад.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 141
23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ МАЗҲАКАВИИ «АВТОБУС»

87 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MATH CHALLANGE - 2020»

ВАРЗОБ. ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ БОНУВОН U15


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед