Хабарҳо
Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд
ТАСС. - Иштирокдорони аксияи байналмилалии «Боғи хотира» дар Доғистон барои гиромидошти онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гаштаанд, 90 ҳазор дарахт мешинонанд, зеро маҳз ҳамин теъдод шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҷабҳаҳои ҷанг барнагаштаанд, - иттилоъ додааст иҷрокунандаи раиси кумита оид ба хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Доғистон Вагаб Абдулҳамидов.
- Аллакай, нақшаи пешакӣ таҳия шудааст, ки мутобиқи он корро созмон хоҳем дод. Ниҳолшинонӣ дар ду давра – баҳор ва тирамоҳ (вобаста ба нашъунамои рустаниҳо) гузаронда мешавад,- афзуд ӯ.
Линда Томас-Гринфилд: «Роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаҳо афзалтар аст»
ТАСС. Намояндаи нави доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид Линда Томас-Гринфилд дар мусоҳибаи ширкати телевизионии CNN дар ҷавоб ба саволи муносибатҳо бо Россия чунин баён дошт:
- Сарфи назар аз он ки миёни ҳар ду давлат ихтилофот мавҷуданд ва, баъзан, рафъи онҳо мушкил мебошад, дар ҳама ҳол моро мебояд барои ҳалли онҳо роҳҳои дипломатиро ҷӯем. Зеро танҳо дар ин сурат метавон ба пешравиву муваффақият мушарраф гашт.
Сафари кории Президенти Қирғизистон ба Қазоқистон
МИР 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пас аз анҷоми мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ Садир Жапаров дар мусоҳиба бо ВАО изҳор намуд, ки Қазоқистон омода аст ба Қирғизистон чун ёрии башардӯстона доруи зидди коронавирус бифиристад.
Ёдовар мешавем, ки Садир Жапаров бо сафари давлатӣ дар Қазоқистон қарор дорад. Дар рафти гуфтушунидҳо, ӯ ба роҳбарият ва халқи Қазоқистон ҷиҳати ҳамкорӣ, дастгирӣ ва ёрӣ дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос намуд.
Президентҳои ИМА ва Мексика вохӯрии фосилавӣ анҷом доданд
INTERFAX. RU. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден ва Президенти Мексика Адрес Мануэл Лопес Обрадор дар вохӯрии фосилавӣ оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират ва рушди минтақаҳо ба мувофиқа расиданд,- гуфта мешавад дар қатъномаи муштараки ҷонибҳо.
Тавре дар он зикр мегардад, роҳбарони давлатҳо саҳми муносиби муҳоҷиронро дар рушди иқтисодиёт ва гуногунфарҳангии ҳар ду кишвар эътироф менамоянд ва сиёсати хешро, ки қадру манзалати муҳоҷиронро боло мебардорад, идома медиҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 195