logo

иҷтимоиёт

АМОНАТБОНК: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Бешак, паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва  муайянкунандаи стратегияи миллии давлат буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, нақшаҳои рушди устувори минбаъда, вазифаю мақсад ва марому роҳҳои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда роҳандозӣ карда мешаванд. 
Бо таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат ба фаъолияти низоми бонкӣ, дар паёми навбатӣ низ, дастур дода шуд, ки  барои боз ҳам самаранок гардонидани фаъолияти низоми бонкӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъсиси Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои таърихи қарзӣ, таъсиси намояндагиҳои якчанд бонкҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани шароит, аз ҷумла бо дастури Пешвои муаззами миллат кам кардани андозаи сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис,  имкон дод, ки фаъолияти низоми бонкдории кишвар густариш ёфта, доираи фаъолияти он фарох гардад.
Аз ҷумла, Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ имрӯзҳо бо шумораи наздики 3 ҳазор нафар кормандон дар 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ, аз ҷумла дар раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат пардохти нафақаи нафақагирон ва музди меҳнати кормандони корхонаву ташкилотҳои буҷетиро амалӣ намуда истодааст.
Дар раванди беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ки яке аз масъалаҳои боиси таваҷҷуҳ ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат аст, Бонк тайи 3 соли охир шумораи 193 ва ё 35,4%-и марказҳои хизматрасониҳои бонкиро бо назардошти зичии аҳолӣ ба ҷойҳои ба аҳолӣ ва сайёҳон  дастрас, аз ҷумла шафати шоҳроҳҳо, кӯчонид.
Танҳо аз як Паём то Паёми дигар, яъне дар соли гузашта 21 адад маркази хизматрасонии бонкӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, биноҳои нави филиалҳои Бонк дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ишкошим, Рӯшон ва  Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода дода шуданд. 
Дар партави сиёсати созандаи  Пешвои муаззами миллат кормандони дастгоҳи марказии Бонк бо бинои наву замонавии ба талаботи имрӯзаи бонкдорӣ ҷавобгӯй таъмин шуданд. Барои пешниҳоди босифати хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус муосиргардонии хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин, кору фаъолият ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони Бонк тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.    
Дар натиҷа Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар саросари кишвар фаъолияти густурда дошта, дар рушди нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, чуноне ки Сарвари давлат дар Паём аз афзоиши онҳо  дар самти  ҷалби амонату пасандозҳо ва пешниҳоди маблағҳои қарзӣ таъкид доштанд, саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Инчунин,  Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар соли 2020  пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд. 
Дар иртибот ба ин, зикр намудан ба маврид аст, ки дар заминаи кафолати давлатӣ доштани пасандозҳои Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ ва дар сатҳи баланд қарор доштани пардохтпазирии Бонк, шумораи пасандозгузорон сол аз сол афзуда истода, ба 1,7 млн.нафар расидааст. Бақияи амонату пасандозҳои аҳолӣ дар Бонк 4,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020  23,6% зиёд мебошад.
Сарвари давлат дар Паём, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019  4,6 фоиз зиёд аст.
Амонатбонк низ дар самти дастрасии маблағҳои қарзӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, бо роҳи таҷдиди сиёсати қарзӣ, фоизи қарзҳоро паст намуда, барои дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ саҳмгузорӣ намуд. Дар соли 2020 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 50 ҳазор муштарӣ беш аз 1,0 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 мутаносибан 27,4% ва 52,5% зиёд мебошад. Дар ду моҳи соли 2021 бошад,  ба зиёда аз 11 ҳазор нафар дар ҳаҷми 138,6 млн.сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 9,2% ва 18,7% зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ дар  соли 2020  ба 343  нафар соҳибкор ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.
Ба ҳолати 28 феврали соли 2021  қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 26,3%, кишоварзӣ 15,7%, истеъмолӣ  21,2%, сохтмон 9,5%, тиҷорат 15%,  нақлиёт 11,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,6% рост меояд.
Сандуқи қарзии Бонк   960,5 млн. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 42 624 нафарро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат зимни ироаи Паём, инчунин,  қайд карданд, ки ҳанӯз ҳам ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ кифоя набуда, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар дар низоми бонкӣ бартараф карда шаванд.
Ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  ман фикр мекунам, ки тамоми кормандони низоми бонкӣ, бо як ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ, дар ин соли мубораку таърихӣ, ки  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, баҳри пешрафти соҳа ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо як неруи тоза камари ҳиммат мебанданд.
Амонатбонк низ, ҳамчун ҷузъи низоми бонкӣ ва яке аз бонкҳои давлатӣ ва низомсози кишвар, дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами  миллат чораҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Нақшаи чорабиниҳои идоравиро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд, кормандони Бонк бо масъулияти баланд иҷрои сифатнок ва саривақтии онро таъмин  менамоянд.
 
Сироҷиддин ИКРОМӢ, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2021    №: 56    Мутолиа карданд: 401
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед