logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон сафирони навро қабул кард

20 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат аз 11 нафар сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, сафирони  Испания Алберто Антон Кортес, Сербия Елитсӣ Куряк, Амороти Муттаҳидаи Араб Иброҳим Ҳасан Сайф ибни Рабиҳ ал – Алӣ, Шоҳигарии Нидерландия Потайт Франс Якоб, Шоҳигарии Норвегия Даг Малмер Халворсен, Филиппин Ҷесус Инес Ябес, Шоҳигарии Марокаш Ҳасан Ҳамӣ, Индонезия Муҳаммад Асручин, Ҷумҳурии Корея Чун Дай - ван ва Қатар Сайар ибн Абдурраҳмон ал - Мавдаҳ эътимоднома супурданд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт:
- Имсол дар доираи татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бояд сохторҳои нав таъсис ёфта, ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар густариши робитаҳои миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боис шаванд.
Таъкид  гардид, ки сатҳи ҳамкории имрӯзаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷавобгӯйи имкону захираҳои фарохи мавҷуда нест.
-Ҷойи кӯмакҳои башардӯстонаро бояд ҳамкории бунёдии иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолот бигирад, - иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҳамкорӣ бо Испания, Нидерландия ва Норвегия, ки ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар он мақоми марказӣ дорад, изҳори қаноатмандӣ  шуд.
Ба сатҳи ҳамкорӣ бо Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Ҷумҳурии Корея ва  Индонезия баҳои баланд дода шуд.
Изҳори боварӣ гардид, ки муносибатҳо бо Филиппин ва Шоҳигарии Марокаш низ дар солҳои наздик тавассути кӯшишҳои дуҷониба ба сатҳу сифати нав бароварда мешаванд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони нав барои таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

www.president.tj

Тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, рушди ҳамкориҳои тарафайн дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳанг, илму техника, сайру саёҳат ва мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои умдае буданд, ки зимни сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафирони 11 мамлакати хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баъд аз супурдани эътимоднома ва мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон чанде аз сафирон андешаҳояшонро ба хабарнигорон баён карданд.
Аз ҷумла, Эдуард  Ауэр, Сафири Иттиҳоди Аврупо  дар Тоҷикистон, иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо баҳри густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа  дар бахшҳои  иқтисод,  кишоварзӣ, тандурустӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад бурд. Кишварҳои аъзои иттиҳод метавонанд бо истифода аз  имкону захираҳои фаровони созмону ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар қаламравашон фаъолият доранд, дар  рушди бемайлони иқтисоди кишвари шумо мусоидат намоянд. 
Дар ҳамин ҳол ба гуфти Алберто  Антон Кортес, Сафири фавқулодда ва мухтори  Испания дар  Тоҷикистон, кишвараш омода аст бо назардошти манфиатҳои дуҷониба дар бахшҳои ҳаётан муҳим бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дошта бошад. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок нақши муассир дорад. Испания метавонад, дар ин самт бо кишвари шумо ҳампаймон бошад ва барои тақвияти мубориза бо ин зуҳурот саҳми намоён гирад.
Чун Дай-ван , Сафири  Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, иброз дошт, ки мо барои  рушди ҳамкориҳои дуҷониба   имкониятҳои зиёд  дошта бошем  ҳам, аз онҳо  ҳанӯз самаранок истифода нашудааст. Ман ҳамчун сафир кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
-Мо бо кишвари шумо робитаҳои фарҳангии таърихӣ дорем ва метавонем дар ҳамаи ҷанбаҳо ҳамкории густурда ба роҳ монем. Ин масъала аз ҳадафҳои асосии шоҳи Марокаш ҷалолатмаоб Муҳаммади шашум  аст, - гуфт Ҳасан Ҳамӣ, Сафири Марокаш дар Тоҷикистон.  
Бино ба иттилои Муҳаммад Асручин, Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон, сафарҳои тайи солҳои 2003 ва 2005 ба Индонезия  анҷомдодаи Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар саҳифаҳои нав боз кард. Вале мо ҳанӯз аз натиҷаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар пурра қаноатманд нестем. Аз ин рӯ талош хоҳем кард, ки дар оянда сатҳу сифати ҳамкориҳо бамаротиб афзояд. Ман дар ин бора  ба ҷаноби Президент андешаҳоямро баён намуда, зикр сохтам, ки барои таҳкими муносибатҳои судманди кишварҳоямон дар соҳаҳои маориф,  иқтисод ва савдо, туризм  ва илму техника мусоидат хоҳам кард. Зеро ҷониби Индонезия ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 700

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед