logo

номаҳо

АСОЛАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

 
Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сӣ сол пеш миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози мо ба дастоварди бузург ва муқаддас-Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид.
Дар марҳалаи нави давлату давлатдорӣ тибқи Конститутсияи нави мамлакат асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, инчунин, идоракунии он танзим гардида, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон муайян карда шуданд.
Дастовардҳои бузургтарини мамлакат дар ин муддат барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад. 
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сӣ соли истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва чор ҳадафи муҳимтарини миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан,  таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра дар амал татбиқ шуда истодааст.
Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат дар роҳи созишу ваҳдати миллӣ, дар самти навсозии низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ бар пояи барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд, ҳадафи онро доранд, ки кишвари азизи мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони имрӯза ворид ва мардум соҳиби зиндагии осудаву обод гардад. 
Бо ин мақсад, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти истеҳсолот, содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, сохтмони роҳҳо ва корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ равона карда, то имрӯз дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Шукронаи он дорем, ки Истиқлолияти давлатӣ мо - ҷавонони замони истиқлолиятро ба сӯйи асолат ва ҳувияти миллӣ раҳнамоӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ҳидоят мекунад.
Бинобар ин, мо - ҷавонон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ҳадафҳои созандаву ободкории Пешвои муаззами миллатро қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ шумурда, бо кору амали неки ҳаррӯзаамон садоқати хешро барои ободонии Ватани азизамон собит менамоем.   
 
Шоҳин ВАЛИЗОДА,
ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 398
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед