logo

суханрониҳо

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, 18 декабри соли 2012, Туркия

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Ҳукумат ва мардуми кишвари дӯсти Туркия барои меҳмоннавозӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба ҳайати Тоҷикистон иброз намоям.
Мо аз натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва некхоҳӣ ба ҳамдигар баргузор гардиданд, қаноатмандем.
Ҷониби Тоҷикистон мулоқоту суҳбатҳои доиргаштаро идомаи мантиқии муколамаи созандаи байни роҳбарияти олии ду давлат арзёбӣ менамояд.
Басо рамзист, ки сафари кунунии ҳайати Тоҷикистон ба Туркия давраи дар таърихи муосири муносибатҳои мо хотирмон - бистсолагии истиқрори равобити дипломатӣ миёни кишварҳоямонро анҷом мебахшад.
Тайи давраи сипаришуда ҳамшарикии кишварҳои мо марҳила ба марҳила рушд ёфта, имрӯз фарогири доираи васеи робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёт мебошад. Дар ин замина мавзуи муҳимтарини мулоқоту музокирот ин дарёфти роҳҳо ва воситаҳои густаришу таҳкими минбаъдаи онҳо буд. Дар такя ба имкониятҳои зиёде, ки дар муносибатҳои ду мамлакат мавҷуданд, мо хоҳишмандии худро ҷиҳати ғанӣ гардондани мазмуни ҳамкориҳои ду ҷумҳурӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисод ва бахшҳои воқеии он таъкид кардем.
Соҳаҳои гидроэнергетика, фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт, аз ҷумла саноати нассоҷӣ ва кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҳамчунин туризм ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар карда шуданд. Дар баробари ин зарурати зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол ва тавсеаи структураи тиҷорати мутақобила қайд гардид.
Мо бар он ақидаем, ки робитаҳои гуманитарӣ омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволи байни мардумони Тоҷикистону Туркия мебошанд. Вобаста ба ин, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ изҳор кард.
Дар раванди музокирот якчанд санадҳои дуҷониба ба имзо расиданд ва ин амрро мо боз як иқдоми дигари тарафҳо ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди худ дар соҳаҳои зикргардида арзёбӣ менамоем.
Ҳамзамон бо мавзӯъҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба, мо масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳаёти байналмилалию минтақавиро мавриди мубодилаи афкор қарор додем. Дар масоили сиёсӣ мо ҷонибдории худро аз идомаи ҳамшарикии созандаи байни ду кишвар бо мақсади дарёфти роҳҳои воқеии ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию байналмилалии мавҷуда изҳор кардем.
Масъалаҳои таъмини амният ва тақвияти мубориза алайҳи таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин равандҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва вазъи Афғонистон аз ҷумлаи он мавзӯоте буданд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди масъалаҳои мазкур назари муштарак ва ё бо ҳам наздик доранд.
Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳояшонро дар ин самтҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ тақвият бахшанд.
Бо нияти идомаи пурфайзи муколамаи байни ду мамлакат дар сатҳи олӣ ман аз дӯсти худ, Президенти Ҷумҳурии Туркия, ҷаноби Абдулло Гул, даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон сафари дӯстона анҷом диҳанд.
Умедворем, ки ин сафар саҳифаи наверо дар муносиботи дӯстонаи ду кишвар хоҳад кушод.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.12    №: 156    Мутолиа карданд: 2027
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед