logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ РАСМИЁТИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 164; мод. 165), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба қисми 1 моддаи 1 ва қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи "мурофиаи" калимаи "расмиёти" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 22:
- дар сархати сеюми қисми 2 калимаи "ғайричашмдоште" ба калимаи "пешбининашавандае" иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои "амволи" ва "ин маблағу амвол" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "баргардонидани ин маблағ ва молу мулк" иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 45 калимаҳои "бад мешуда бошад" ба калимаҳои "вазнин гардад" иваз карда шаванд.
4. Қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Дар ҷаласаи мақомоти маъмурии коллегиалӣ дар сурати ҳузур надоштани роҳбараш яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунад.".
5. Дар қисми 3 моддаи 72 калимаҳои "ваколати гардиши иҷрои санади маъмуриро ҳам якдафъаина ва ҳам" ба калимаҳои "ваколатро оид ба гардиши иҷрои санади маъмурӣ якдафъаина ё" иваз карда шаванд.
6. Дар номи боби 5 калимаи "МУРОФИАИ" ба калимаи "РАСМИЁТИ" иваз карда шавад.
7. Ба қисми 2 моддаи 96 баъд аз калимаҳои "дар бораи" калимаҳои "рад кардани" илова карда шаванд.
8. Дар боби 6:
- ба номи боб пас аз калимаи "МУРОФИАИ" калимаи "РАСМИЁТИ" илова карда шавад;
- ба номи §1, қисми 2 моддаи 114, қисми 2 моддаи 115, моддаҳои 116, 117, номи §2, моддаҳои 118, 119 ва номи §4 пас аз калимаҳои "мурофиаи" ва "Мурофиаи" калимаи "расмиёти" илова карда шавад.
9. Номи моддаи 129 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 129. Мурофиаи соддакардашудаи расмиёти маъмурӣ дар суд".
10. Дар моддаи 130:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 130. Мурофиаи суръатноки расмиёти маъмурӣ дар  суд";
- дар матни модда калимаи "оҷил" ба калимаи "суръатнок" иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 929


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе,1 октябри соли 2012, № 926

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси рамиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 428


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 2177
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед