logo

маориф

ҶИРГАТОЛ: БУНЁДИ 2 МАКТАБУ 47 СИНФХОНА ДАР ЯК СОЛ

Агар ба гузаштаи начандон дури кишвар назар андозему ба имрӯз қиёс кунем, дармеёбем, ки симои Тоҷикистон ба  куллӣ дигаргун гаштааст. Бо саъю талоши сокинони мамлакат,  аз ҷумла мардуми заҳматкаш ва бо ҳам дӯсту тифоқи ноҳияи Ҷиргатол ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию  созандагӣ ва ба ҳамин васила боз ҳам зебову дилработар гардондани гӯшаҳои алоҳидаи диёр иқдомҳои тоза рӯи даст гирифта мешаванд.
Ин падидаи нек далели равшани ватандӯстӣ ва вусъат ёфтани корҳои созандагиву ободгароӣ дар байни мардуми тоҷик мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, ки зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи  Ҷиргатол,  26 сентябри соли гузашта,  ироа дошта буданд, ин раванд моҳияти зиндагисози соҳибдавлатӣ ва ватандориро дарк намудани хурду бузурги ҷомеа ва дар айни замон омили асосии рушди муназзами соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷиргатол  тайи чанд соли охир  сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, мактабу синфхонаҳои замонавӣ,  бунгоҳҳои тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ашхоси саховатпеша, инчунин бо роҳи ҳашар вусъати тоза пайдо кардааст. Дар ин муддат бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сарикенҷаи Ҷамоати деҳоти Муксу бинои нави мактаб, ки бо таҷҳизоти замонавӣ ва ашёи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз гардидааст, ба истифода дода шуд.
 Соли равон бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми падару модарон дар деҳаи Шилбилии Ҷамоати деҳоти Сурхоб бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон сохтмони ду мактаби замонавии дуошёна дар деҳаҳои Ҷиргатол ва Чоргул босуръат идома дорад. Бинокорон тасмим гирифтаанд, ки то оғози соли таҳсили нав мактаби деҳаи навбунёди Чоргулро ба истифода диҳанд.
Зикри як нукта муҳим аст, ки ба ғайр аз маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва омӯзгорону волидони хонандагони мактабҳои деҳоти Қаромиқ, Сарғӯй, Калдар, Қарчин, Калтабулоқ, Пилдони Чингак, Питовкӯл, ҷамъ дар даҳ деҳа, дар як соли охир толорҳои варзишӣ, ду мактаби нави ибтидоӣ ва 47 синфхона бунёд ёфтааст. Гузашта аз ин, дар  ду соли баъдӣ дар маркази ҷамоатҳои деҳоти Пилдон, Ҷиргатол, Янгишаҳр ва Қашот бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  4 муассисаи томактабӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.  Маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдат ҳам бо қомат афрохтани даҳҳо бинову иншооти нави замонавии баландошёна   рӯз ба рӯз симояшро тағйир медиҳад. Ин раванди зиндагисоз, ин ташаббусҳои ватандӯстона, ки аз паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи маориф ва илми мамлакат сарчашма мегиранд, бешак, ба рушди соҳа, баланд шудани сифати таълиму тарбия, худшиносиву худогоҳии хонандагон, ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо мусоидат хоҳанд  кард. 
 Чанд сол аст, ки масъалаи рушди деҳот дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин самт якчанд барномаи давлатӣ қабул шудааст,  ки мақсади асосӣ таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мебошад. Дар  ноҳияи Ҷиргатол низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз оғози сол бо қарори Умедхоҷаи Зоир - раиси ноҳия ва ҳамовозии фаъолон соли 2014 -  «Соли рушди деҳот» эълон гардид. Чанде пеш дар машварати назоратии назди раиси ноҳия  ба пешвози 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи «100 рӯзи ободонӣ» ба тасвиб расид. Баҳри амалӣ гаштани ин ташаббусҳои наҷиб имрӯзҳо ҳамаи неруҳои созандаи ноҳияи Ҷиргатол ҷаҳду талош доранд.
 
Акбар РИЗВОНОВ,  ноҳияи Ҷиргатол


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2014    №: 145    Мутолиа карданд: 1201
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед