logo

туризм

ТУРИЗМИ ТОҶИКИСТОН РУШДЁБАНДА АСТ

Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 аз ҷониби мутасаддиён як қатор чораву тадбирҳои муҳим андешида шуд. Дар хусуси дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа хабарнигори мо  бо Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Тӯли солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи туризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», таҳияи Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009 - 2019 ва Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010 - 2014 ва дигар барномаҳои муҳими давлатӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти туризм шаҳодат медиҳад. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳияҳои Варзоб, Балҷувон ва дараи Ромит минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон гардиданд. Имрӯз шумораи зиёди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ барои истироҳат маҳз ба минтақаи сайёҳии Варзоб ташриф меоранд. Дараи хушманзараи Ромит, воқеъ дар болооби рӯди Кофарниҳон, яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳист. Дар дараи Ромит  чашмаҳои шифобахш зиёд аст.  Яке аз чашмаҳо Покрӯд мебошад, ки оби сарди он барои беморони диабети қанд давост. Оби гарми чашмаи Зайронро барои табобати бемории буғумдарду тарбод истифода мебаранд.  Fайр аз ин, ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ дар роҳандозии инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи гардишгарӣ, сохтмони меҳмонхонаву осоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир барои инкишофи туризми истироҳативу табобатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 92 ширкати туристӣ фаъолият дошта, 50-тои он ба туризми содиротӣ, боқимонда ба туризми воридотӣ тавассути беш аз 50 хатсайр пайваста фаъолият доранд.
Боиси хушҳолист, ки соли ҷорӣ баъзе мушкилоти соҳа сода ва бартараф гардиданд. Чунончи, сайёҳони беш аз 81 кишвар метавонанд имрӯз озодона дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раводиди Тоҷикистонро гиранд. Нархи раводиди аз консулгариҳо дастрасшаванда 25 доллар  ва  воридшавӣ ба Боғи миллӣ ва мамнуъгоҳҳо 10 сомонӣ муқаррар шуд. Масъалаи маблағи баромад ба қуллаҳои баланд низ тавсеа ёфт. Чанде пеш мавриди  истифода қарор гирифтани Терминали байналмилалии шаҳри Душанбе аксари камбудиҳоро дар фурудгоҳ аз байн бурд. Мутахассисони терминал бо донистани забонҳои хориҷӣ имрӯз ба сайёҳони хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Дар ин давра беш аз 65 дарсади иншооти табобатӣ таҷдиду барқарор ва  35 мавзеи туристӣ - истироҳатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Алҳол гурӯҳи кории кумита иборат аз мутахассисону коршиносон дар қаламрави кишвар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро таҳия  намуда, баҳри ба талаботи муосир мутобиқ намудани  мавзеъҳои сайёҳӣ талош доранд. Ба мавзеи туристӣ табдил додани ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва дороиҳои табиии Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани буҷети мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кӯшишҳои мо ҳамчунин дар самти омодасозии мутахассисони дорои тахассуси баланд, таъмини мутахассисон бо маводи таълимӣ, ба чоп расондани маводи иттилоотӣ, муаррифии имкониятҳои туристии кишвар тавассути руққа, харита ва маълумотномаҳои махсус, пахши видеороликҳо аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар равона шудаанд.
Дар асоси баррасии рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010 - 2014 дар қисмати маблағгузорӣ вобаста ба пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагон “Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017” таҳия гардида, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудааст. Дар он тартиби рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, воситаҳои назорати фаъолияти туристӣ аз ҷониби Ҳукумат таҳия гаштааст. Бо қабул гардидани барномаи нав имкон пайдо мекунем, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалии сатҳи баланд ширкат варзида, захираҳои ғании табиӣ, фарҳангӣ ва меросии кишварамонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созем. Конфронсҳои байналмилалии рушди туризм баргузор намоем. Бо ин роҳ бори дигар намояндагони созмону ширкатҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба кишвари зебову муъҷизаосои мо ташриф оварда, имкониятҳои туристии Тоҷикистонро баҳогузорӣ хоҳанд кард. Дар ин замина ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расида, шартномаҳои тарафайн ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ баста мешаванд.
Бо вуҷуди пешрафту навовариҳо дар ин самт ҳанӯз камбудиву мушкилиҳо ҷой доранд. Тарбияи кадрҳои баландихтисосу забондони соҳа, таъсиси хатсайрҳои нави ҳавопаймоӣ, роҳандозии инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳии муосир аз омилҳоеанд, ки садди роҳи инкишофи гардишгарӣ дар мамлакати  мо гаштаанд. Кумита ҳамчун пешбарандаи соҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои марбут ҷиҳати рафъи норасоиҳо ва муваффақ шудан дар ин самт пайваста талош меварзад.
Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ  ва дорои табиати зебову нотакрор, қуллаҳои баланду сарбафалаккашида ва ёдгориҳои таърихию бостонист, қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад. Мутмаинем, ки минбаъд  ташрифи сайёҳон зиёд гашта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна ва  рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин мегардад.

Шаҳнози ҚУРБОН,“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2014    №: 201    Мутолиа карданд: 10102
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед