logo

маориф

ДАР МАКТАБ КИТОБИ ДАРСӢ НЕСТ

Сарфи назар аз он ки аз соли нави хониш се моҳ сипарӣ мешавад, то ба ҳол мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин нагардидаанд. Нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон, омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забони ҳориҷӣ ва тарки касби омӯзгорӣ кардани омӯзгорони ҷавон ҳам аз мушкилоти дигари соҳаи маорифи ноҳия мебошад. Шаъбон Восеев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» сабабҳои мушкилоти мавҷуда ва раванди омодагӣ ба зимистонро чунин шарҳ дод:
- Соли ҷорӣ наздик ба 70 ҷойи нишаст намерасид. Кӯшиш карда истодаем, ки аз ҳисоби таъмири мизу курсиҳои аз истифода баровардашуда ин мушкилотро ҳал кунем. Айни ҳол мушкилоти дигаре, ки роҳи ҳалли онро меҷӯем, баргардонидани қарзи шуъбаи маорифи ноҳия аз фурӯши китобҳои дарсӣ дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар мебошад. Вазорат муҳлати қарзи мазкурро то 1 – уми декабр муқаррар намудааст. Қарз 375 ҳазор сомониро ташкил медод, ҳоло 185 ҳазор боқӣ мондааст. То муҳлати муқарраршуда бояд қарзро баргардонем. Ҳоло дақиқ нест, ки ин қарзҳо чӣ гуна ба миён омадаанд. Қарз аз солҳои пеш аст. Комиссияи махсус ташкил кардем, то ҳақиқатро рӯшан созад.
Айни ҳол мушкилоти нарасидани китобҳои дарсӣ барои синфҳои 9,10 ва 11 эҳсос мешавад. Оид ба ин масъала ба вазорат муроҷиат кардем. Дар сурати баргардонидани қарз китобҳои дарсии заруриро гирифта метавонем. Сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳо идома дорад. Дар деҳаи Кенҷа сохтмони мактаби таҳсилоти ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29, деҳаи Офтобрӯя бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Ғафуров ду синфхона сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин сокинон бо ҳашар чанд синфхона сохтанд. Барномаи давлатии компютеркунии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳия 100 % иҷро шудааст. Мутаассифона, аз сабаби нарасидани омӯзгорони фанни компютер, забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ иҷрои барномаи таълим ба кундӣ пеш меравад.
Омӯзгорони ҷавон баъди муддати кӯтоҳи фаъолияти омӯзгорӣ тарки пеша мекунанд. Омодагӣ ба зимистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои ин 935,5 тонна ангишт, 28,2 метри мукааб ҳезум захира намуда, ҳамзамон 22,8 метр тирезаҳо шишабандӣ гардидаанд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2014    №: 230    Мутолиа карданд: 1509
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед