logo

маориф

НАТИҶАИ ҚОНУН НАЗАРРАС АСТ

Салима СӮҲРОБОВА,
директори муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Муддати чор сол  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Дар қонуни мазкур калимаи калидӣ  «масъулият» мебошад ва ин беасос нест. Масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввалан, падару модар уҳдадории худро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд иҷро менамоянд. Сониян, вақте ки волидон аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои худ дар таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ мекунанд, дар натиҷа рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон мегарданд, ки дар чунин ҳолат иҷрои уҳдадориҳои онҳо таҳти маҷбурияти давлатӣ амалӣ карда мешавад ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён меояд. 
Мақсади асосии пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар қонуни мазкур аз он иборат аст, ки таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашариву фарҳангӣ бояд сурат гирад.
Аз оғози баровардани ин қонун то имрӯз  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи уму-мӣ, аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасанд. Қабули қонуни мазкур ба иштироки хонандагон дар дарсҳо, либоси ягонаи мактабӣ ва сифати дониши онҳо таъсири ниҳоят мусбат расонд. Натиҷаи заҳмати муташаккилонаи омӯзгорон ва волидони хонандагони муассисаи мазкур буд, ки соли равон ҳаштод фисади хатмкунандагон ба донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он дохил гардиданд. Ғолиби озмунҳо гардидани хонандагон низ аз иҷро гардидани уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд дарак медиҳад.
Мутаассифона, аксари волидон ба техникаи муосир (компютер) рӯ оварда, аз китобҳо истифода намекунанд ва нақши онро дар таълиму тарбияи фарзандон ночиз меҳисобанд. Баръакс, теъдоди муайяни онҳо ба харидани компютер, телефонҳои мобилию марказҳои мусиқӣ, диску дискетҳо маблағҳои калон сарф мекунанд, вале ба харидани китоб ва пешрафти фарзандонашон дар таҳсил қариб аҳамият намедиҳанд. Дар чунин вазъ кӯдакон ва наврасон аз имконияти хониш маҳрум мегарданд ва зери тасарруфи компютеру интернет беназорат монда, аз забон ва намоишҳои ифлосу ваҳшиёнаи онҳо мунтазам «баҳра»  мегиранд ва дар охир ба қатори хонандагони бетарбияву қафомонда ворид мегарданд.
Албатта, комёбӣ дар масъалаҳои  либоспӯшиву иштирок дар дарсҳо низ ба назар кори андак намояд ҳам, маъмурияти муассиса ва омӯзгорон ба он ба осонӣ даст наёфтанд. Дахолати бевоситаи падару модарон ба ин масъала чун обу ҳаво зарур буд. Вале бояд иқрор шуд, ки то баромадани ин қонун падару модар ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд сатҳӣ менигаристанд. Бо баромадани қонуни мазкур маъмурияти мактаб  аввал кӯшиш намуд, ки моҳияти асосии қонунро барои волидайн фаҳмонад. Ба ин кор ҳатто кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла нозири минтақавӣ низ ҷалб карда шуданд. Роҳбарони синфҳо дар маҷлисҳои кумитаи падару модарон оид ба қонуни мазкур сухан ронда, онҳоро огоҳ мекарданд, ки дар сурати аз таълиму тарбия дур мондани фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чунин бархӯрдҳо бо масъалаҳои фавқ боиси он гардид, ки низоъҳои аблаҳонаи  байнисинфӣ ва байнимактабӣ низ аз байн равад. 
Бояд қайд кард, ки дар муассиса шанбеи ҳар ҳафта рӯзи қабули волидон аст. Дар ин рӯз  директори муассиса, ҷонишинон оид ба  таълиму тарбия ва роҳбарони синф ба волидайн  оид ба таълиму тарбияи фарзанд  маслиҳатҳои муфид дода, ёриҳои педагогӣ, психологӣ ва методӣ мерасонанд. Чунин комёбиҳо бозгӯйи онанд, ки Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муддати кӯтоҳе ба раванди таълиму тарбияи насли наврас таъсири мусбат расонда дар ояндаи наздик риояи он ба анъанаи нек табдил меёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.14    №: 247    Мутолиа карданд: 5349
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед