logo

маориф

МАОРИФ ВА ДАВЛАТДОРӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро ҳамасола кормандони соҳаи мактабу маориф бесаброна интизорӣ мекашанд, ироа гардид.

Интизорӣ ва таваҷҷуҳи кормандони соҳаи мактабу маориф ҳамчун аҳли зиёи мамлакат ба Паём дар он ифода меёбад, ки Паём инъикоси воқеии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода мешаванд.
Аз ҷониби дигар, Паём ин инъикоси сол аз сол афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ҳаҷми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмон ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, вобаста ба ин ташкил намудани чандин ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ боло рафтани вазъи иҷтимоиву некуаҳволии мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.
Аз паёмҳои гузашта ва имсолаи Президенти мамлакат бармеояд, ки рушди мактабу маориф на ҳамчун як самти ҳисобот оид ба вазъи соҳаи иҷтимоӣ, балки ин масъала замина ва омили асосии пешрафт, таҳким ва суботи бардавоми сиёсию иқтисодии мамлакат арзёбӣ мегардад.
Масалан, Сарвари давлат дар Паёми худ аз 23 апрели соли 2014 дар хусуси дар 7 соли оянда ҷиҳати таъмини соҳаи маориф ва беҳтар гардидани таъминоти он ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ андеша ронда, таъкид намуданд, ки: «Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф, инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Яъне, агар дар Паёми пешина мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ арзёбӣ гашта бошад, дар Паёми имсола низ рушди мактабу маориф самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоии мамлакат эълон карда шудааст. Чи тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд: «Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф…, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад» ва «…бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд».
Тибқи Паём, дар ин сол аз 15,3 миллиард сомонии ҳаҷми буҷети давлатӣ, қариб 8 миллиард сомонии он, ки зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад. Маблағгузории соҳаи илму маориф ба маблағи се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 500 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 6 миллиард сомонӣ ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо нигаронида шуда, дар 5 соли охир аз дуюним то се баробар зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, соҳаи илму маорифро низ пурра дарбар мегирад.
Мусаллам аст, ки рушди бонизом ва босифати соҳаи мактабу маорифро бе шахси онро баамалбароранда низ тасаввур кардан мумкин нест ва дар маркази ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бояд омӯзгор қарор дошта бошад. Танҳо аз сатҳи баланди фаъолияти омӯзгор мо метавонем дар оянда ба кадрҳои баландихтисоси барои давлату миллат манфиатбахш умед бандем.
Ба нақши омӯзгор дар раванди таълиму тарбия дахл карда, Сарвари давлат дар Паёми соли 2014 зикр карда буданд, ки: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».
Ин баҳо аввалан аз дарки ҷой ва нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак диҳад, баъдан он шарти муҳими аз ҷиҳати касбӣ мустаҳкам намудани мактабу маорифи мамлакат мебошад.
Сарвари давлат дар тақвияти андешаҳои созандаи худ бори дигар диққати асосиро ба нақши омӯзгор равона намуд ва дар Паёми нав таъкид кард, ки: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».
Муносибати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи мактабу маориф собит месозад, ки давлат тамоми таҳаввулоти замони имрӯзаро, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон барои арзишҳои умумибашарӣ хусусияти хеле хавфнок ва таҳдидоварро касб кардааст, амиқ эҳсос менамояд. Зеро Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун набуда, ҷангҳои харобиовар дар як қатор давлатҳо боиси бекорӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардида, хатари терроризм ва ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфта, ба ҳама давлатҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонда истодааст.
Дар ин замина, ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ гаравидани баъзе аз ҷавонони аз тарбияи ватандӯстӣ дур ва аз таъриху фарҳанги миллии худ ноогоҳ низ боиси нигаронӣ набуда наметавонад.
Аз ин рӯ, дар баробари таълим, нақши тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани онҳо аҳамияти аввалиндараҷаро молик мегардад. Ин равандро бе нақши мактабу маориф ва омӯзгорони касбӣ тасаввур кардан мумкин нест ва чуноне ки дар Паём таъкид карда шуд, «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Рушду таҳкими маориф ҳамчун муҳимтарин омили давлатдории мо аз иҷрои бечуну чарои дастуру супоришҳои Сарвари давлат пешбинигардида сахт вобастагӣ дорад. Зеро Паём на танҳо як навъ ахбор ё ҳисобот, балки он ҳуҷҷати сафарбаркунанда ва раҳнамунсозандае мебошад, ки моро барои давлатсозиву давлатдорӣ дар заминаи ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва инсондӯстиву ҳувияти миллӣ ҳидоят менамояд.

 Меҳринисо КАРИМОВА,
сардори раёсати
кадрҳои Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи С.Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.02.2015    №: 28    Мутолиа карданд: 1447
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед