logo

муҳоҷират

ВАҚТИ ТАЪРИХОМӮЗӢ ГУЗАШТА?!

Баҳси мо аз он оғоз гардид, ки аз қайд гузаштану кор пайдо кардани муҳоҷирони тоҷик дар Русия хеле душвор шуд. Бар замми ин муҳоҷирон бояд аз забон ва таърихи Русия имтиҳон супоранд ва ин имтиҳон пулакӣ мебошад. Бисёриҳо даъво ҳам карданд, ки дар ҳоле ки худи русҳо аз таъриху маданияти худ бехабаранду доим дар ғами нӯшидан ҳастанд, чӣ ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз муҳоҷирон донистани таърихашонро талаб бикунанд?

Аммо назари ман ба ин иқдом хушбинона буд, зеро фаро гирифтани дониш зиндагии худи моро аз бисёр ҷиҳат осон мегардонад ва донистани забони русӣ имкон медиҳад, ки муҳоҷирон мавқеи худро ҳатто дар ғарибӣ ҳам мустаҳкам гардонанд. Аммо вақте сухан перомуни омӯзиши таърих рафт, профессор қотеъона муқобили фикри ман баромад.
Аммо ман фикр мекунам, ки таърих як ҷаҳони бекароне аст, ки донистани он ҷаҳонбинии инсонро ташаккул дода, вусъатбахши таҳлили амиқ мебошад, зеро ҳар нафаре, ки берун аз хоки Ватан қадам мегузорад, вай аллакай на танҳо ба худ, балки ба тамоми миллату Ватан тааллуқ дорад. Вай инъикосгари Ватани худу миллати худ мебошад ва як худи ӯ тамоми миллатро муаррифӣ менамояд. Дар баробари ин намояндаи ҳамаи миллатҳо ба урфу одат ва анъанаҳои дигар халқҳо шавқу рағбат зоҳир мекунад. Сарчашмаи таърихияшро донистан мехоҳад ва анъанае, ки таърихи қадима дорад, эҳтиром мекунад ва арҷ мегузорад. Нафаре, ки азми хориҷа мекунад, масъулияти басо гаронеро бар дӯш дорад, зеро ғунҷоиши тамаддуни чандинҳазорсола дар як нафар басо душвор аст, аммо дар баробари ин омӯзиши он метавонад муаррифгари воқеии миллат бошад, то дигарон дар бораи миллати мо фикри ғалатро ҷонибдорӣ накунанд. Хоҳари ман тайи чанд сол аст, ки дар Ҷопон таҳсил мекунад. Дар донишгоҳе, ки ӯ мехонад, намояндагони тамоми миллатҳои ҷаҳон дониш меомӯзанд ва дар баробари омӯхтан ба таъриху тамаддуни ҳамкурсони худ мароқ зоҳир мекунанд ва кунҷкобона аз ҳамдигар мепурсанд. Аз ин ҷост, ки хоҳарам ҳамеша мегӯяд: донистани анъанаҳои қадимии миллӣ, ки то имрӯз пойбарҷост, доштану пушидани либоси миллӣ, пухта тавонистани хӯроки миллӣ ва ҳамзамон сарчашмаи пайдоиши ҳамаи онҳоро донистану дигаронро бо он ошно кардан мавқеи воқеии ҳар як миллатро дар хориҷи кишвар мустаҳкам мегардонад. Барои ҳамин ҳар як инсон вазифадор аст, ки таърихи пайдоишу решаҳои аслии худро донад. Бо ӯ ба қароре омадем, ки чун баргашт, ҳатман ба ҷустуҷӯйи куҳансолон мебароем ва аз хотироти онҳо истифода бурда, бисёр анъанаҳои қадимае, ки шояд бисёриашон ба коми фаромӯшӣ рафтаанд, меомӯзем.
Аммо профессор муқобили ин фикрҳо баромад: - Вақти таърихомӯзӣ гузашт, - гуфт вай. – То кай таърих мегӯем, бо таърих гуфтан шароити мардум беҳтар намешавад? Бояд иқтисодиётро пеш бурд. Бе иқтисодиёт зиндагӣ пеш намеравад. Мо, ки муҳтоҷи дигар давлатҳо шудем, маҷбурем, ки таърихи бегонаро омӯзем. Аммо таърихи мо ба ҳеҷ кӣ даркор нест, чун мо иқтисодиёт надорем.
Ва ман муқобили ин фикрҳо баромадам, ҳарчанд ба ӯ чизе нагуфтам, чун ӯ ба ман ҳаққи устодӣ дорад, аммо бо тамоми ҳастиям ин фикрро инкор кардам.
Албатта, тарафдорони ин андешаи профессор бисёранд, шояд онҳо то андозае ҳақ ҳам бошанд, аммо тараққиёти иқтисодиёт ин на танҳо шароити хуби зист доштан, балки он пеш аз ҳама дараҷаи хирад ва маърифати миллат мебошад, зеро иқтисодиёт ин системаест, ки онро бояд сохт ва дар зиндагӣ татбиқ намуд. Барои ба вуҷуд овардани чунин система бояд заминаи воқеӣ омӯхта шавад, зеро дар тӯли қарнҳои зиёде, ки одамон дар ин сарзамин зиндагӣ мекунанд, кадомин равишро ба ҳаёт татбиқ намудаанд, ки шароити зисташонро беҳтар гардонидааст. Барои инро донистан, рӯй овардан ба таърих ягона роҳест. Зеро таърих шоҳиди буҳронҳои чандинкарата аст ва омӯхтани сабабҳои он имкон медиҳад, ки барои рушди минбаъда тадбир андешид. Барои ҳамин ҳар як иқдомро чун сарчашмаи тозае қабул кардан бар фоидаи худи мост, зеро дар ҷаҳони муосир, дар ҷаҳоне, ки аксаран худро побанди арзишҳои моддӣ кардаанду дигар аз занҷири он баромада наметавонанд, бояд як роҳи тозаеро интихоб намуд. Побанд будан танҳо ба арзишҳои моддӣ инсониятро ба вартаи нестӣ мерасонад, зеро таҷриба худ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи худхоҳӣ инсон аз асли худ дур гардида, ба як нафари бе решаву бе оянда табдил меёбад. Дар муқобили чунин раванд эҳёи решаҳои таърихӣ рушди маърифатро метавонад таъмин бикунад ва масъулияти дар оянда меросгузории ҳамаи арзишҳои миллиро бедор созад, зеро вазифаи ҳар инсон аст, ки чун ба ин дунё омад, бояд нишоне аз худ гузорад ва заррае ҳам бошад заминае барои оянда гардад. 

Матлуба ЁРМИРЗОЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2015    №: 104    Мутолиа карданд: 20698
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед