logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ

Мутобиқи моддаи 101 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади  тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои алоҳидаи буҷетӣ фармон медиҳам:
1. Аз 1 июли соли 2009:
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи  тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз зиёд карда шавад.
2. Аз 1 сентябри  соли 2009:
- маоши вазифавии   кормандони соҳаи илм 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, методистони шӯъбаи маориф 15 фоиз зиёд карда шавад;
- музди меҳнати кормандони мактабҳои мусиқӣ ва санъат ба музди меҳнати кормандони  дахлдори мактабҳои  таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- музди меҳнати  устоҳои  таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати омӯзгорони ин муассисаҳо вобаста  ба таҳсилот ва  дараҷаи тахассусӣ баробар карда шавад;
- фонди амалкунандаи музди меҳнати  муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ 15 фоиз зиёд карда шавад;
- барои мудирии кабинетҳои фаннии  муассисаҳои таълимӣ ва шӯъбаҳои маориф 10 фоиз иловапулӣ аз маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад;
-  музди меҳнати дигар кормандони соҳаи маориф, ки ба гурӯҳҳои  зикршуда ворид нагардидаанд, 15 фоиз зиёд карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони  мазкур мутобиқ намояд;
- аз 1 июли соли 2009 Дастурамали  нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустиро дар доираи фонди музди меҳнати дар Буҷети давлатӣ барои зиёдшавии музди меҳнат пешбинишуда ҷорӣ намояд;
- аз 1 сентябри  соли 2009 нақшаи нави музди меҳнати кормандони  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ, корҳои тарбиявии  беруназмактабӣ, мактабҳои варзишӣ, маркази ҷумҳуриявии технологияи  информатсионӣ ва коммуникатсия ва маркази барномаҳои байналмилалиро  дар доираи фонди  музди меҳнати дар Буҷети давлатӣ барои зиёдшавии музди меҳнат пешбинишуда муайян намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2009, № 671


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1595
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед