logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРАТ АГАР АЗ ҶИҲАТИ СТРАТЕГӢ АСОСНОК БОШАД...

Чанде пеш бо ибтикори Вазорати молия, Донишкадаи молия ва иқтисод, Пажӯҳишгоҳи  илмӣ -  тадқиқотии «Молия»  ва дастгирии Фонди ба номи Фридрих Эбберт (Олмон) дар шаҳри Душанбе семинари илмӣ – амалии «Таҳқиқоти ҷанбаҳои гендерии муҳоҷирати меҳнатӣ»  баргузор гардид.

Дар он  доираи васеи олимону мутахассисони ватаниву хориҷӣ  ширкат варзида, тамоюлҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳқиқоти инноватсионии ҷараёни муҳоҷират, муҳоҷирати меҳнатӣ дар мизони гендериро баррасӣ намуданд.
М. Кошонова, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Молия», гуфт, ки чанд сол боз мушкилоти таҳқиқоти ҷанбаҳои  гендерии  муҳоҷирати меҳнатӣ  зери таваҷҷуҳи махсуси  олимон қарор дорад. Дар ин самт чи дар Тоҷикистон ва чи дар Русия таҳқиқоти зиёд гузаронда шудаанд.
Тӯли даҳсолаҳо занҳо дар раванди муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ эътибор надоштанд ё онҳо танҳо оилаи худро ҳамроҳӣ мекарданд. Бо рушди  иқтисодиёти ҷаҳонӣ талабот ба меҳнати занон зиёд гашт ва шурӯъ аз солҳои 2000 – ум муҳоҷирати мустақилонаи занон ба Русия ва давлатҳои Ғарб рӯ ба афзоиш ниҳод. Яъне афзоиши  муҳоҷират як раванди табиӣ буда, хоси танҳо кишварҳои алоҳида нест. Бояд аз ин раванд босамар истифода бурд ва барои коҳиши таъсири манфии он талош варзид.
Ҷавоҳир Акобирова, сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оила, иброз дошт, ки алҳол як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии танзимсозандаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ амал менамоянд, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мамлакатро дар хориҷи кишвар ҳимоя мекунанд.  Дар баробари ин, бо мақсади мукаммалгардонии асосҳои қонунгузории танзимкунандаи раванди муҳоҷират бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои солҳои 2016 – 2020 таҳия шуда, дар баррасии Ҳукумат ва мувофиқасозии вазорату идораҳо қарор доранд.
А. Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ иброз дошт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ 3 маротиба  сатҳи  бекориро  паст карда, 15 дарсад  сатҳи шуғлнокии аҳолии қобили меҳнатро  афзун гардонд. Ва ниҳоят, муҳоҷирати корӣ ба ташаккули хизматрасониҳои бахши сохтмон, нақлиёт, бонк, тиҷорат, инчунин болоравии касбияти муҳоҷирон, азбарнамоии забон, фарҳанг, таърихи дигар халқҳо мусоидат намуд.  Бояд қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ омили муҳими ҳифзи суботи сиёсӣ арзёбӣ мешавад, зеро он имкон медиҳад, ки мушкилоти камбизоатӣ ва табақабандии иҷтимоӣ дар мамлакат рафъ шавад.
Вале, дар баробари ин, муҳоҷирати меҳнатӣ ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар  оқибатҳои манфӣ ҳам овард, ки бархе аз онҳо хусусияти гендерӣ дорад. Бинобар ин,  танҳо муҳоҷирати меҳнатии аз ҷиҳати  стратегӣ  асоснок гардондашуда, метавонад манбаи неруманди рушд гардад.
 Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2016    №: 117-118    Мутолиа карданд: 21873
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед