logo

маориф

ХУРОСОН. БУНЁДИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ

Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар тамоми гӯшаву канори  Ватани азизамон  корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Дар ноҳияи Хуросон низ дар давоми сол  7 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия қасри фарҳанг, китобхона, меҳмонхона, ҷой барои гузарондани маъракаҳо, маркази рушди калонсолон  бунёд гардиданд. Дар деҳаҳои Меҳнатобод ва Меҳнатобод – 3 – и  Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бошад,  мактабҳои замонавии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Чанде пеш маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 низ доир гардид. Бино дорои 10 синфхона ва 4 ҳуҷра буда, барои 240 хонанда дар як баст сохта шудааст. Сохтмони он аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.
- Мо, чандин сол инҷониб орзу мекардем, ки дар  маҳаллаи  мо ҳам чунин мактаби замонавӣ бунёд намоянд. Зеро фарзандонамон  беш аз ду километр роҳро тай карда ба мактабҳои деҳоти ҳамсоя мерафтанд. Хусусан, рафтуомад дар зимистон ба мактаббачаҳои хурдсол хеле душвор буд. Шукр, ки  ба орзуи худ расидем  ва миннатдории худро пеш аз ҳама ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон  мерасонем, - мегӯяд сокини деҳа Сафо Ниёзов.
Ҳоло кӯчаҳои шаҳраки муҳоҷирон сангфарш гардида, аз болои канал пул сохта шуд, ки рафтуомади сокинонро ба маркази  ноҳия хеле наздик ва осон кард.  Умуман, ҳудуди ноҳия бо бунёди даҳҳо гектар боғоту токзор хеле ободу зебо шудааст. Ноҳияи Хуросон дарвозаи вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Ҳар касе, ки  ба маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа сафар кунад, шоҳиди ин ободкориҳо мегардад. Дар давоми як сол тамоми  кӯчаҳои маркази ноҳия асфалтпӯш шуда, дар ду тарафи шоҳроҳ арчаҳо қомат афрохтаанд. Ноҳияи Хуросон рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Эназар НАЗАРОВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2016    №: 189    Мутолиа карданд: 5914
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед