logo

маориф

МАКТАБ ВА ОИЛА. ТАНҲО ҲАМКОРӢ САМАР МЕДИҲАД

Тарбияи насли наврас масъалаи муҳим ва зарурии ҷомеаи муосир мебошад. Хонанда ҳам дар муҳити мактаб ва ҳам берун аз он камол меёбад. Дар мактаб агар дар зарфи 5 - 6 соат мактабу муаллим ба ӯ таълиму тарбия диҳад, вақти боқимондаи вай дар муҳити хонаводагӣ мегузарад.
Вазифаи муҳимтарини мактабҳо ин таълим додан ва бо донишҳои муосир фаро гирифтани хонандагон аст. Вале, фаромӯш набояд кард, ки падару модар ба кирдору рафтори фарзанди худ бештар масъуланд, чунки фарзанд хислатҳои нек ё рафтори ношоистаро аз волидайнаш меомӯзад. Ташаккули шахсият кӯдакро бештар дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбад, ки аз оилаи зиёиву маърифатпарвар фарзандони бадахлоқу нохалаф  ба воя расида бошанд. Мо бештар шиква аз беадабии фарзанд мекунем, аммо андеша намекунем, ки барояш чӣ гуна тарбия додем ва муносибати дағалонаи ӯ ба атрофиён аз куҷо сарчашма мегирад?
Зиёда аз панҷ сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад. Дар боби дуюми қонуни мазкур,  дар моддаи 8 омадааст: «Кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзилҳои зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд».
Аз камтаваҷҷуҳии волидайн дар мактабҳо давомоти сусти хонандагон бештар ба назар мерасад, ки ин зарар ба худи хонанда ва оила мебошад. Хунукназарӣ нисбат ба донишандӯзии наврасон аз оила сарчашма мегирад. Робитаи сусти падару модаронро бо омӯзгорон ва дар ҷаласаҳои Ассотсиатсияи волидайн ширкат наварзидани онҳо ба ин ҳол оварда мерасонад. Боиси таассуф аст, ки дар аксари таълимгоҳҳо  аз 700 – 800 хонанда дар ҷаласаи ассотсиатсия ҳамагӣ 10 – 15 нафар падар ё модар иштирок мекунанду халос. Ва онҳо ҳам волидони хонандагони фаъол. Ҳол он ки дар моддаи 9 - и қонуни номбурда омадааст: «Донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд».
Агар таъмин набудан ё нарасидани китобҳои дарсӣ ба муассиса ва ё омӯзгор вобаста бошад, пас набудани дафтару қалам, либоси ягонаи мактабӣ ва ашёи хониш, иштироки пурра дар дарсҳо ба уҳдаи падару модар аст. Мутаассифона, ба ин масъала аҳамияти кам дода мешавад.
Тарбия нахуст аз оила, аз муҳити боғча (то синни 7-солагӣ) ва баъд аз мактаб сарчашма мегирад. Дар ин маврид педагоги машҳури рус Антон Макаренко гуфтааст: «Тарбияи дурусти бачаҳо пирии хушбахтонаи мо ва тарбияи бади онҳо ғаму андуҳи ояндаи мо, оби дида ва гуноҳи азими он дар назди дигарон ва дар назди тамоми мамлакат аст». Аз ин рӯ, волидайнро лозим аст, ки омилҳои ҷалби фарзандонро ба таҳсил, варзиш, хондани китобу рӯзномаву маҷалла пайдо намуда, дар ин замина тарбияи дурусти онҳоро ба роҳ монанд.
Фориғболии лаҳзаинаи волидайн сабаб мешавад, ки фарзанд ба қавле «ёру ошноҳои нав» пайдо кунад, тавассути онҳо ба амалҳои ношоиста, тамошои наворҳои ғайриахлоқӣ саргарм шавад ва мафкураву рӯҳияаш тағйир ёбад. Дар моддаи 8 - и Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсус таъкид гаштааст: «Ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд».
Қисми зиёди падару модарон дар боби одобу ахлоқ ба фарзанди худ ҳарфе намезананд. Дар хазинаи телефонҳояшон филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ доштаро сабт намуда, барои хушҳолии чандлаҳзаина, ҳатто  ба аҳли оилаи худ намоиш медиҳанд.
Хуб мешуд, ки волидон бо муассисаҳои таълимӣ робитаи зичро барқарор намуда, ҳафтае як бор дар дарсҳои фарзандонашон иштирок намоянд, маслиҳату машварати омӯзгоронро ба инобат гиранд. Дар чунин ҳолат метавонем камбудиҳоро якҷоя ва ба зудӣ рафъ намоем.
Шоинҷон СИЯРӢ,
омӯзгори МТМУ № 5 – и ноҳияи Ҷайҳун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 6523
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед