logo

маориф

ФАРХОР. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МАКТАБ

Ҳарчанд дар ноҳияи Фархори вилояти  Хатлон давоми 25 соли охир 17 муассисаи таълимии наву замонавӣ бунёд ёфта, дар назди 35 мактаб  синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд, ҳанӯз муассисаҳои таълимиеро вохӯрдан мумкин аст, ки  ба азнавсозӣ, таъмиру тармим ниёз доранд. Муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии № 51- и деҳаи Қизилтеппа, Ҷамоати деҳоти «Ғалаба» - и ноҳия аз зумраи  онҳост. Мактаби  мазкур  соли 1950  бунёд  ёфт ва аз 4 синфхона иборат буд. Баъдтар бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст 6 синфхонаи иловагӣ сохтанд.
Ҳоло мактаб 10 синфхона дорад ва дар он 210  хонанда дар ду баст таҳсил мекунад. Воқеан, бинои  мактаб хело фарсуда  аст ва хонандагон аз мавҷуд набудани шароити хуби таълимӣ азият мекашанд: зимистон, аз сабаби намнокии фарш, тобистон аз чангу ғубори зиёди синфхонаҳо.  Таҳсил дар чунин муҳит на танҳо завқи зебоипарастии хонандагонро мекоҳонад, балки  ба саломатии онҳо низ зарар дорад. Мушкили  дигари хонандагон  надоштани майдончаи  варзишӣ мебошад.
- Сабаби асосии  мавҷуд набудани  майдончаи варзишӣ хурд будани  масоҳати замини мактаб аст. Барои ҷудо намудани  қитъаи замин  бо ариза ба раиси деҳоти «Ғалаба» муроҷиат намудем, мутаассифона, то ҳол замин ҷудо нашудааст, -  мегӯяд директори мактаби мазкур  Алишер Хушвахтов.
Ояндаи ҳар як миллату давлат аз рушди соҳаи маориф вобастагии зиёд дорад. Зеро танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишмандро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷаҳон мақоми хос пайдо кунад. Дар бисёр  ноҳияҳои кишвар чунин мушкилӣ  бо ҷалби  соҳибкорони ба ору номуси  маҳаллӣ ҳалли  худро ёфтааст. Пас, оё вақти он нарасидааст, ки соҳибкорони ноҳия дар ҳалли ин мушкил ба  хонандагони  мактаб ва мардуми  деҳаи Қизилтеппа мадад расонанд?
Бону ШАҲРЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 1380
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед