logo

ҳуқуқ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро баъди ҷашни чорякасраи Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода, таъкид карданд, ки дар ин давра халқу давлат аз озмоишҳои сахту сангини таърих сарбаландона гузашта, ба он муваффақ гаштанд, ки пояҳои давлатдориро ба таври эътимодбахш устувор намоянд. Гуфта шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил ёфта, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд.
Яке аз муҳимтарин нуктаҳое, ки дар Паём таъкид ёфт, бо барҳам додани Шӯрои адлия ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор намудани масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо маҳсуб меёбад. Ин тағйироти сохторӣ, бешак, ба мустақилияти ҳокимияти судӣ роҳи васеъ кушода, бо интихоб ва пешниҳоди ҳуқуқшиносони ботаҷрибаю донишманд, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули муносиб барои таъмини адолати судӣ заминаҳои устувор хоҳад гузошт. Дар ин дастури раҳнамо таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита бо ҷомеа шарти муҳими расидан ба ҳадафҳои таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ арзёбӣ шудааст.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳи васеъ мекушояд. Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ, робита бо ҷомеа, бахусус бо ҷавонону наврасон калиди дастовардҳо дар таҳкими давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз байн бурдани унсурҳои тундраву ифротгаро, амалҳои коррупсионӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат бо нигаронӣ зикр намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Ҳалли ин масъалаҳои мубрами ҷомеа сараввал аз мо - роҳбарону кормандони мақомоти прокуратура дарки масъулиятшиносии баланд, ташкилотчигӣ, зиракию ҳушёрӣ ва донишу маҳорати касбиро тақозо менамояд. 

Сафаралӣ НУРАЛИЗОДА, муовини сардори раёсати назорати иҷрои
қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 861
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед